Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Кӣ Мун рӯзи 5 апрел вориди Душанбе мешавад


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун фардо, 31 март силсиласафараш ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказиро аз дидори Туркманистон шурӯъ мекунад. Тақсими об ва ҳамкориҳои минтақавӣ аз умдатарин мавзӯъҳои мулоқоти ӯ бо раҳбарони кишварҳои ин минтақа гуфта мешавад.
Боздиди Бан Кӣ Мун аз Тоҷикистон ба рӯзи 5 апрел барномарезӣ шудааст. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дидори Бан Кӣ Мун аз ин кишвар ҳамагӣ як рӯз идома хоҳад кард. Давлат Назрӣ афзуд, Бан Кӣ Мун дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон низ сӯҳбат мекунад ва қарор аст, ки ӯ тавассути чархбол силсилаи нирӯгоҳҳои сохташуда бар фарози рӯдхонаи Вахшро низ тамошо кунад.
Ин нахустин сафари Бан Кӣ Мун ба Осиёи Марказӣ ба ҳайси дабири кулли СММ аст. Аммо Куфӣ Анон, раҳбари вақти ин созмон дар соли 2002 аз Душанбе дидан карда буд.
XS
SM
MD
LG