Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъруфияти "Моҷарои имтиҳон" дар байни ҷавонон


Намоишномаи "Моҷарои имтиҳон", ки аз ҷониби ҳунармандони театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов иҷро мешавад , ҳаёти довталабони макотиби олиро инъикос мекунад.

Давроне, ки довталабони таҳсил ҳамеша кӯшиш менамоянд, барои шомил шудан ба макотиби олӣ аз ҳар гуна амалу восита истифода кунанд.

Мирзоватан Миров, саркоргардон ва оҳангсози ин намоишнома, мегӯяд, ҳарчанд ин асар моли солҳои 70–уми қарни гузашта аст, аммо мавзӯи он ба замони имрӯз мутобиқат мекунад. Ба гуфтаи ӯ, то кунун дар театри ҷавонон аксаран саҳнаҳои таърихиву мураккаб рӯи саҳна оварда мешуд, ки таваҷҷӯҳи ками тамошобини ҷавонро ба худ ҷалб мекарданд.

Мирзоватан Миров меафзояд, «ин асар, чун бозгӯи зиндагии насли ҷавон аст, ҷавонон онро бо шавқ тамошо мекунанд. Аз сӯи дигар, ин саҳна мазҳакаи мусиқист ва пур аз лаҳзаҳои рақсу бозист, ки ҷавонон ба ҳангоми тамошо дилгир намешаванд».

Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, феълан дар кишвар ҳафт театри драмавӣ амал мекунад, аммо тамошобини тоҷик майли бештар ба намоишномаҳои мазҳакавиву драмавии мусиқӣ дорад.

Мирзоватан Миров мегӯяд, ҳамин гуна намоишномаҳо тамошобинро барои тамошои асарҳои операвӣ омода мекунад.

Намоишномаи муваффақ

Баҳром Обидов, муддати 7 сол аст, ки дар театри ҷавонон ҳунармандӣ дорад ва дар «Моҷарои имтиҳон» нақши асосиро бозӣ мекунад. Вай то имрӯз дар беш аз 20 саҳна нақш офаридааст, вале «Моҷарои имтиҳон»-ро муваффақтар медонад. Зеро мӯҳтавои замонавӣ ва рӯзмарра дорад.

Баҳром мегӯяд, аз он хушҳол буд, ки ҷавонони зиёде барои роҳ ёфтан ба ин намоишнома чипта суроғ мекарданд. Ӯ меафзояд, ин далели он аст, ки таваҷҷӯҳи ҷавонон ба тадриҷ нисбати театр бедор мешавад.

Аммо масъулини театри Лӯхтак новобаста аз надоштани фанновариҳои ҷадид, эффектҳои саҳнавӣ ва ороиши навтарин, аз набудани тамошобин шикоят намекунанд.

Навовариҳои театри Лӯхтак

Ин шабу рӯз ҳунармандони театри Лӯхтак машғули тамрини намоишномаи «Тахайюлоти ҷанг ва сулҳ»-анд, ки он аз хонадоршавии ду қабила оғоз мегардад. Аммо дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ ин қабилаҳо миёни ҳам зиддият пайдо мекунанду фарзандони худро аз ҳамдигар ҷудо месозанд. Вале бо гузашти вақт ва фарорасии сулҳ қабилаҳо аз нав ба ҳам мепайванадад.

Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди ин театр, бар ин аст, ки тавассути ин саҳна кӯдакон метавонанд дӯстиву муҳаббат ва ҳамбастагиро биомӯзанд.

Дар ҳамин ҳол Кенҷа Иброҳимов, раҳбари театри Лӯхтак, гуфт, талаботи хурдсолони имрӯз аз кӯдакони даврони Шӯравӣ ба кулли фарқ мекунад ва ҳоло наметавон ин намоишномаҳоро бо наҳваи шахшудаи он замон қонеъ кард.

Вай афзуд, «мо кӯшиш дорем, намоишномаҳои рӯзмарраро барои кӯдакон таҳия ва пешниҳод кунем, на он намоишномаҳои замони шӯравиро, ки хирсаку рӯбоҳаку заргӯшак дошт ва тамошобини хурдсоло фақат бо онҳо одат карда буданд».

Рақобат бо филмҳои тасвирии хориҷӣ

Дар ҳоле, ки театрҳои тоҷик акнун дар фикри модерн кардани барномаҳояшон ҳастанд, ҷойи онҳоро филмҳои тасвирии ғарбӣ бо тарҷумаи пур аз дашному ҳарфҳои қабеҳ гирифтааст. Аз ҷумла Рамзия, модари се фарзанд, мегӯяд, азбаски дар театрҳои тоҷик интихоби намоишнома кам аст, пайваста барои кӯдаконаш филмҳои тасвирии хориҷиро харидорӣ мекунад. Ҳарчанд медонад, ки ин филмҳо кӯдаконашро маҳдуд месозанд.

Бо ин ҳама санъатшиносн мегӯянд, дар аксари кишварҳои ҷаҳон дар сатҳи давлатӣ барномаҳое махсусе қабул шудаанд, ки дар кӯдакистонҳо ва муасисаҳои таълимӣ қиссагӯи карда, дар мавриди арзишҳо фарҳангӣ мегӯянд ва ба ин васила аз хурдӣ барои театрҳо тамошобин омода мекунанд.

Фарҳанге, ки дар Тоҷикистон қариб фаромӯш шудаву ҳоло кӯдакони тоҷик нисбат ба саҳнаҳои кӯҳнаву такрории театрҳо ба бозиҳои компютерӣ ва филмҳои тасвириву ҳунарии пурмоҷарои ғарбӣ бартарӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG