Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи мотами қурбониёни таркишҳои Маскав


Имрӯз дар Маскав ба ёдиқурбониёни таркишҳои хунини дирӯза дар метрои пойтахти Русия расман рӯзи мотам эълон шудааст. Субҳи сешанбе бар асари ду инфиҷор дар истгоҳҳои Лубянка ва Парк Културии метрои Маскав дастикам 39 нафар кушта ва беш аз 60 тани дигар захмӣ шуданд.
Имрӯз парчамҳои давлатӣ дар Маскав сарозер карда шуда, мардум дар маҳалли ҳалокати қурбониёни он ду таркиш гул мегузоранд ва шамъ фурӯзон мекунанд.
Касе то ҳол масъулияти ин таркишҳои хунинро, ки гуфта мешавад, интиҳорӣ буданд, бар ӯҳда нагирифтааст. Вале ФСБ, Хадамоти федеролии амнияти Русия ангушти иттиҳом ба сӯи ҷангиёни Қафқози шимолӣ баланд кардааст.
Бо ин ҳол, сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати се шаҳрванди ин кишвар дар таркишҳои дирӯза дар ду истгоҳи метрои шаҳри Маскавро таъйид кард.
XS
SM
MD
LG