Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пушиён: Дар моварои зиндагӣ ва марг


Аксари сокинони Тоҷикистон бо эҳтимоли зиёд, ҳадди ақал як бор номи деҳаи Пушёнро шунидаанд. Исме, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ бо марази сил ҳаммаъно шуда буд.

Деҳае, ки марази сил садҳо сокини онро ба коми марг кашидааст ва даҳҳои дигар, аз кӯчак то бузургро дар вартаи марг қарор додааст.

Деҳае, ки мардумаш ҳатто номи он маразро ба забон овардан намехоҳанд ва дар зарурат мегуянд, фалон одам сармохӯрдагӣ дошт ва фавтид.

Деҳае, ки теъдоде аз мардумаш ҳатто бо қасди раҳоӣ аз марази сил аз он ҷо кӯч бастаанд.

Деҳае дар ноҳияи Восеъ, воқеъ 200 километрии ҷануби Душанбе.

Тахмину достонҳо атрофи хуруҷи марази сил дар деҳоти Пушёни боло, Пушёни поён ва Учқун зиёданд. Бархеҳо тахмин мезананд, ки кадом оби олуда ба рӯдхонаи канори ин деҳот меояд ва мардумро гирифтори марази сил мегардонад, бархеҳо қисса мекунанд, ки ҳукумати шӯравии вақт дар он минтақа кадом силоҳи бактериологиро озмоиш кардааст ва ба гуфтаи бархе ҳам хоки он замин олуда ба ангезандаи марази сил аст.

Аммо табибон он ҳамаро рад мекунанд.

Аҷиб ҳам он аст, ки дар байни ин деҳот деҳаҳое низ ҳаст, ки гирифторони марази сил тақрибан нест. Вале бо гузашти солҳо рӯшан мегардад, ки ин мараз ба оҳистагӣ ба деҳоти поёноби он рӯдхона низ паҳн мешавад. Мақомоти Тоҷикистон бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ иқдомоте барои ҳимояти мардум аз марази сил ва табобат аз маразро рӯи даст гиритаанд, аммо боз ҳам кашфи хуруҷи ангезандаи сил дар вуҷуди афроди нав ба гунаи чашмрас поин нарафтааст ва низ он мараз ҳар сол ҷони даҳҳо танро мерабояд.

Дурбини «Озодӣ» дар рӯбарӯи маризони сил дар чанд деҳаи силзадаи ноҳияи Восеъ:

TB
лутфан мунтазир бошед
Embed
TB

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
XS
SM
MD
LG