Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркишҳои Маскав 3 тоҷик низ кушта шудаанд


Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати се шаҳрванди ин кишвар дар таркишҳои дирӯза дар ду истгоҳи метрои шаҳри Маскавро таъйид кард. Шоҳин Самадов, намояндаи сафорати Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, кушташудагон - Абдураҳмонов Умед Ҳасанович, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Вахш, Қаршиев Нодирбек Очилдиевич, соли таваллудаш 1986 ва Эшонов Исломҷон Камолович, соли таваллудаш 1985, ҳарду сокини ноҳияи Турсунзода, буда, сафорат феълан талош дорад, аҷсоди ин се кушташударо ба ватан бифиристад.
Шоҳин Самадов, афзуд, дар таркишҳои рӯзи 29 март дар метрои пойтахти Русия Ориё Назаров, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҷароҳат бардоштааст ва феълан дар бемористон қарор дорад. Субҳи сешанбе бар асари ду инфиҷор дар истгоҳҳои Лубянка ва Парк Културии метрои Маскав дастикам 39 нафар кушта ва беш аз 60 тани дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG