Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ рӯзи чоршанбеи 31 март нахустин сафараш ба Осиёи Марказиро шурӯъ мекунад. Қарор аст ӯ аз Тоҷикистон низ дидан кунад.

Ӯ силсиласафарашро аз Туркманистон оғоз карда, ба дунболи он аз Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистону Қазоқистон дидан хоҳад кард. Тавзеъи об ва ҳамкориҳои минтақавӣ аз умдатарин масоилест, ки раҳбари СММ тайи ин сафар бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳс хоҳад кард.

Бан Кӣ Мун рӯзи 31 март барои анҷоми нахустин сафари худ ба ҳайси дабири куллии СММ роҳии Осиёи Марказӣ мешавад. Густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, коҳиши таслиҳот, манъи густариши силоҳҳо, муҳити зист, тақсими об, масоили энержӣ ва тағйири иқлимро аз мавзӯъҳои аслии дастури кори мулоқотҳои дабири кулли СММ бо раҳбарони ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ ном мебаранд.

Силсиласафари якҳафтаинаи Бан Кӣ Мун ба ин минтақа рӯзи 1 апрел аз дидори Туркманистон ва мулоқоти ӯ бо раиси ин ҷумҳурӣ Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ва боздидаш аз Маркази минтақавии дипломатияи пешгиронаи СММ дар Ишқобод оғоз ёфта, ӯ ба дунбол аз 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ низ дидан хоҳад кард.

Мартин Несиркӣ, сухангӯи дабири кулли СММ гуфт, ки ӯ бо раҳбарони Осиёи Марказӣ масоили печида ва дар бархе маворид баҳсбарангезро низ дар миён хоҳад гузошт.

Ӯ гуфт: “Ин ба маънои кӯмак ба кишварҳои минтақа аст, ки муштаракан кор кунанд ва рӯи масоиле, ки дар ҳолоти дигар ба таниш мебарад, ҳамкорӣ кунанд.”

Баҳсҳои марбут ба масоили марзӣ, тақсими об, муҳити зист ва энержӣ аз чунин масоили баҳсбарангез ва танишзо дар Осиёи Марказӣ ном бурда мешавад. Дар ин миён бахусус як мавриди ангуштнамо баҳси амиқшудаи Тоҷикистону Узбакистон бар сари тарҳи эҳдоси нирӯгоҳи бузурги Роғун аст, ки Тошканд ба сохтмони ин нирӯгоҳ сахт мухолифат меварзад. Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳафтаи гузашта зимни боздидаш аз қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ва мулоқоташ бо Бан Гӣ Мун хостори мусоидати мақомоти ин созмон дар амри ҳалли танишҳои мавҷуда миёни Душанбеву Тошканд шуд.

Оқил Оқилов зимни он боздид дар сӯҳбат бо хабарнигорон Узбакистонро ба “мониасозӣ” дар роҳи интиқоли молу коло ба Тоҷикистон айбдор кард ва дар қаламрави ин ҳамсоякишвар бо иллатҳои гӯё фаннӣ банд мондани то 1000 вагони Тоҷикистонро “танҳо як баҳона” номид.

Ӯ гуфт: “Ин танҳо як баҳона аст. Манзурам, гӯё, ки ягон мушкилиҳои фаннӣ ба интиқоли борҳо ба сӯи Тоҷикистон халал мерасонад. Шумо дуруст гуфтед, ки ин мушкилиҳо ба масъалаҳои обу энержӣ вобастагӣ доранд. Ҳар сол бо фарорасии тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон норасоии нерӯи барқ мушоҳида мешавад. Агар ин мушкилотро дар Осиёи Марказӣ аз роҳи маданӣ ҳал мекарданд, роҳи ҳаллаш бидуни ҳеҷ мушкил пайдо мешуд. Мо ҳар сол бо Туркманистон дар бораи таъмини нерӯи барқ қарордод мебандем. Қаблан, ин табодули нерӯи барқ сурат мегирифт ва он чизи наве нест. Аммо Узбакистон соли ҷорӣ чунин интиқоли нерӯи барқро аз Туркманистон ба Тоҷикистон иҷозат надод. Ва гӯё ки иллаташ имконнопазир будани интиқоли нерӯи барқ аз тариқи системаи энергетикии Узбакистон бошад. Яъне дар тӯли чанд даҳсолаи қаблӣ ин имкон дошту ҳоло не?”

Баҳси дигар дар минтақа бар сари маҳдудиятҳоест, ки моҳи гузашта боз ҳам Тошканд дар роҳи равуои шаҳрвандони қирғиз ба Узбакистон эҷод кард.

Аммо суол ин аст, ки оё дабири кулли СММ метавонад дар ҳалли баҳсҳои мавҷуда дар Осиёи Марказӣ нақши миёнҷиро бозӣ кунад? Мартин Несиркӣ, сухангӯи Бан Кӣ Мун, аз шарҳи ин масъала худдорӣ кард, вале гуфт, барои мисол, масоили обу энержӣ низ ҷузъе аз масоили ҳамкориҳои минтақавист.

Ӯ гуфт: “Ман намехоҳам аз пеш қазоват кунам, ки онҳо мушаххасан кадом масоилро баррасӣ хоҳад кард. Вале рӯшан аст, ки ҳамкории минтақавӣ, тавре таъкид кардам, як силсила масоили густарда, бо шумули манобеъи об ва роҳу шеваҳои ҳамкории муштараки кишварҳоро фаро мегирад.”

Ба дунболи дидори Туркманистон, Бан Кӣ Мун рӯзи 3 апрел роҳии Қирғизистон шуда, бо раиси он ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиев мулоқот ва дар парлумони Қирғизистон суханронӣ мекунад.

Рӯзи якшанбеи 4 апрел дабири кулли СММ дар Тошканд бо раисиҷумҳури Узбакистон гуфтугӯ хоҳад дошт. Қарор аст, ки ӯ рӯзи 5 апрел дар Донишгоҳи иқтисод ва дипломатияи ҷаҳонии Тошканд ба донишҷӯён як дарси вижа низ бидиҳад.

Тибқи барномаи сафар, интизор меравад, бан Кӣ Мун аз кӯли хушкидаи Арал низ дидан карда, фоҷиаи зистмуҳитии Аралро, ки як заон чаҳорумин кӯли бузурги дунё маҳсуб мешуд, аз пеш ва бо чашми худ бубинад.

Дар пайи боздид аз Узбакистон, Бан Кӣ Мун рӯзи 5 апрел бапрои як рӯз вориди Тоҷикистон мешавад. Бан Кӣ Мун дуввумин дабири кулли СММ аст, ки аз Тоҷикистон дидан мекунад. Куфӣ Анон, раҳбари вақти СММ низ соли 2002 ба ин кишвар сафар карда буд.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, Бан Кӣ Мун дар пайи мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон низ сӯҳбат мекунад ва қарор аст, ки ӯ тавассути чархбол силсилаи нерӯгоҳҳои сохташуда дар ҳавзаи рӯдхонаи Вахшро низ тамошо кунад.

Нерӯгоҳи баҳсии Роғун низ дар ҳамин рӯдхона сохта хоҳад шуд, вале маълум нест, ки Бан Кӣ Мун аз маҳалли эҳдоси ин нирӯгоҳи азим низ дидан хоҳад кард ё хайр?

Давлат Назрӣ гуфт, Душанбе ба равобиташ бо СММ аҳамияти вижаеро қоил буда, умедвор аст, ки ин созмони мӯътбари ҷаҳонӣ дар ҳалли баҳсҳои бархоста дар сатҳи минтақаи Осиёи Марказӣ низ нақши фаъолтар бозӣ кунад.

Оқои Назрӣ мегӯяд: “Мо ҳамеша умедвор ҳастем, мо ҳамеша кӯшиш мекунем ва пешниҳод мекунем, ки ҳама гуна баҳсҳои чӣ минтақавӣ ва чӣ байналмилалӣ пеш аз ҳама бевосита тавассути СММ ҳалл шаванд, чунки ин бояд яке аз механизмҳои муӯътамади ҳалли баҳсҳо шинохта шавад ва нақши он эътироф карда шавад. На давлатҳои алоҳида, балкӣ худи СММ бояд дар ҳолоти зарурӣ бо истифода аз он имконот ва ваколатҳое ки дорад, дар ин масъалаҳо нақш гузорад ва ин масоилро ҳалл кунад.”

Боздиди Бан Кӣ Мун аз Осиёи Марказӣ рӯзҳои 6 ва 7 апрел бо дидори Қазоқистон ба поён хоҳад расид. Тибқи барномаи сафар, дабири кулли СММ бо раиси он ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев дидор ва мулоқот карда, аз Семипалатинск, озмоишгоҳи собиқи силоҳҳои ҳастаии Иттиҳоди вақти Шӯравӣ дар солҳои ҷанги сард низ дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG