Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи додгоҳии нашрияҳо ба фардо гузошта шуд


Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии нашрияҳои мустақили "Азия-плюс", "Фараж" ва "Озодагон"-ро то фардо мавқуф гузошт.

Додраси додгоҳи ноҳияи Сино ва додгустари ин парвандаи ҷиноӣ гуфтааст, ки дар робита ба шикояти ҷавобии вакили мудофеъ Ҷӯрахон Солиев, ки се додрасро дар тӯҳмат ба ӯ ва нашрияҳои мустақил муттаҳам кардааст, мурофиаи додгоҳӣ фардо баргузор мешавад.

Ҷурахон Солиев, вакили мудофеъ ва муаллифи матлабе, ки дар ин се нашрия ба чоп расида, шикояти додрасҳоро ба бор овардааст, додгоҳи ноҳияи Синоро ҳам дар қонуншиканӣ дар раванди иҷлоси додгоҳӣ муттаҳам кардааст. Вай иддао мекунад, ки суди ноҳиявӣ ҳаққи баррасии ин парвандаро надорад.

Cе рӯзномаи мустақил ахиран аз сӯи ду қозии Додгоҳи олӣ ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида шуданд. Додрасҳо барои ҷуброни маънавӣ аз ин нашрияҳо 5,5 миллион сомонӣ товон талаб кардаанд.

Нахустин мурофиаи додгоҳии нашрияҳои "Азия-плюс", "Фараж" ва "Озодагон" моҳи феврали соли ҷорӣ дар додгоҳи ноҳияи Сино сурат гирифта буд. Дар он додгустари парвандаи мазкур ҷонибҳоро муросо даъват кард, вале шикоятгарон ин даъватро рад намуданд.

Шикояти додрасҳо ба як матлаби интиқодие рабт дорад, ки дар ахиран дар саҳфаҳои нашрияҳои "Озодагон", "Фараж" ва "Азия-плюс" нашр шуд. Дар ин матлаб вакили мудофеъ Ҷӯрахон Солиев баррасии парвандаҳо аз сӯи бархеи додрасҳо ғайримунсифона унвон кардааст. Додрасҳо чопи ин маводро “тӯҳматомез” номида, аз ин се нашрия товон хостаанд.

Вале сардабирони нашрияҳо мегӯянд, чопи ин матолиб бо риояи қавонини кишвар сурат гирифтааст. Онҳо дар ҷавоб бо пахши як муроҷиатномаи расмӣ аз созмонҳои журналистии маҳаллӣ кӯмаки маънавӣ ва ҳуқуқӣ хостанд.

Дар пайи ин қазия созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки фишор бар мабтуоти мустағқилро аз тариқи додгоҳҳоро хотима диҳанд.

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Амрико, аз се додраси Тоҷикистон даъват кард, ки аз даъвои худ бо се нашрияи чопи Душанбе даст бикашанд.

Шӯрои матбуоти Тоҷикистон дар як изҳорот дар робита ба парвандаи нашрияҳои мустақил изҳори ташвиш ва нигаронӣ кард. Ҳамчунин як қатор созмонҳои рӯзноманигорӣ, аз ҷумла Иттиҳодияи рӯзноманигоро Тоҷикистон, Анҷумани миллиии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Шӯрои васоити ахбори умумии Тоҷикистон, ва Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон изҳори нигаронӣ карданд ва гуфтанд, ки мақомот бо чунин рафтори худ ба эътибори матбуоти мустақил латма ворид мекунанд.

Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон фишор бар матбуоти мустақилро ба боди интиқод гирифтаанд ва изҳори умед карданд, ки чунин рафтор боиси муфлис шудани нашрияҳои мустақил ва бастани онҳо нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG