Пайвандҳои дастрасӣ

Департаменти давлатии Амрико як мубоҳисаи интернетиро таҳти унвони «Набзи ҷаҳон дар соли 2010» ташкил кардааст, ки қарор аст аз 29 то 31-юми марти соли ҷорӣ идома ёбад.

Тавсеаи ҳуқуқи занону духтарон, дастрасӣ ба маълумот, таъмини риояи ҳуқуқҳои сиёсиву шаҳрвандӣ, рушди соҳибкорию тиҷорат, рушди илму техника ва ғайра аз мавзӯъҳоеянд, ки дар ин мубоҳиса мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Демян Вамплер, сухангӯи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, мегӯяд, ин чорабинӣ имкон медиҳад, ки андеша ва ниёзҳои мардум дар тамоми ҷаҳон шунида шавад.

Вай афзуд, «ин мавзӯъҳо ба он хотире интихоб шуданд, ки ҷавонон бо ин масъалаҳо мувоҷеҳанд ва ё насли оянда рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Бовар дорем, баррасии ин масъалаҳои доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ба миён омадани сарварони ҷавон ва тағйироти мусбӣ сабаб мешавад».

Гулчеҳра Бекова, ҳамоҳангсози барномаҳои гӯшаи амрикоии Душанбе, мегӯяд, дар Тоҷикистон ҷавонон мустақиман ва ё тавассути гӯшаҳои амрикоӣ дар Хуҷанд, Хоруғ ва Қурғонтеппа дар баҳс ширкат хоҳанд кард.

Вай меафзояд, рӯзи аввали конфронс нишон дод, ки ҷавонон иштироки фаъол доштанд ва дар бастагӣ ба мавзӯъҳои мавриди баҳс андешаҳои ҷолиб иброз намуданд.

Гулҷеҳра Бекова, ҳамоҳангсози Гӯшаи амрикоӣ дар Душанбе, мегӯяд, ҷавонони зиёде ба мубоҳисаи интернетии "Набзи ҷаҳон" таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд
Ба гуфти Гулчеҳра андешаҳои ҷавонон фавран дар саҳифа нашр мешавад ва ба онҳо ширкатдорони дигар ва ё намояндаи департаменти давлатии Амрико посух медиҳад.

Гулчеҳра меафзояд, «иштирок дар ин баҳс хеле осон аст. Танҳо ба саҳифаи www.globalpulse2010.gov ворид ва сабти ном шудан лозим аст. Барои сабти ном шудан танҳо ному насаб ва нишонаи электрониатонро менависед. Баъдан ба почтаи шумо даъватнома меояд, баъд аз он озодона метавонед ба баҳс ҳамроҳ шавед».

Дар гӯшаи амрикоии пойтахт, ки дар китобхонаи академияи илмҳо ҷойгир аст, субҳи барвақт аллакай як гурӯҳи ҷавонон барои иштирок дар конфронси «Набзи ҷаҳон 2010» омада буданд.

Пирумшоҳ Муродов донишҷӯи соли панҷуми донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат, ки оид ба шаҳрвандии саросарӣ андешаҳояшро баён мекард, гуфт дар ҳоле ки ҷомеа ба сӯи ҷаҳонишавӣ ҳаракат дорад, заруратӣ омода шудан ба ин раванд пеш омадааст. Зеро буҳронӣ ҷаҳонии молӣ нишон дод, ки тамоми давлатҳои ҷаҳон бидуни кӯмаки ҳамдигар муваффақ буда наметавонанд ва инсонҳо низ аъзои якдигаранд, афзуд

Далер, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, мегӯяд, дар бахши тавсеаи ҳуқуқ ва имконоти занону духтарон оид ба зарурати таҳсил барои онҳо ва издивоҷи бармаҳали духтарон ибрози назар мекунад. Далер таҳсил дар мактабҳои олӣ барои духтаронро ҳатми мешуморад ва мегӯяд, онҳо тарбиятгарӣ наслӣ ояндаанд ва аз донишу таҷрибаи модарон сатҳи ҷомеъа сахт вобаста аст.

Гуфта мешавад, бисёре аз ширкатдорони тоҷики ин конфронс ба масоили занону духтарон таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Марям Давлатова, коршиноси масоили гендерӣ дар ин замина мегӯяд, мушкили аслии занон ва ҷомеаи Тоҷикистон дар пастии фарҳанг ва камии маърифат арзёбӣ мешавад, ки сарчашмаи сар задани қариб ҳамаи мушкилоти зиндагии онҳост.

Ба гуфти Марям Давлатова, сабаби паст рафтани сатҳи маърифати мардум ҷангӣ шаҳрвандӣ аст, ки бо фишорҳои равонӣ ва қашшоқи мардумро аз арзишҳои инсонӣ дур кард. Коршинос мегӯяд, агар вай дар ин форум ширкат кунад андешаҳояшро чунин баён хоҳад кард.

Конфронси байналмилалии интернетии «Набзӣ ҷаҳон» то 31 март идома хоҳад ёфт.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG