Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони гуштии самбои Осиёи Марказӣ


Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони тоҷик
Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони тоҷик

Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба гуштии самбо дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ҳамагӣ 24 медал – 7 нишони тилло, 7 нуқра ва 10 биринҷӣ ба даст оварданд.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федеросиюни гуштии самбои Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сабқати минтақавӣ, ки барои бори дуввум дар Тоҷикистон баргузор шуд, беш аз 100 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дар ду навъи рақобатҳо – самбои варзишӣ ва самбои ҷангӣ қувваозмоӣ карданд.

Дар сабқати самбои варзишӣ байни мардон дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Тоҷикистон ҷои аввалро касб кард. Мунтахаби Узбакистон дар ҷои дуввум ва дастаи Қирғизистон дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони тоҷик - Акмолиддин Каримов дар вазни 52 кг, Ризвониддин Бурҳонов (62 кг), Абубакр Зоиров (90 кг), Набимуҳаммад Хоркашев (100 кг) ва Зиёратшоҳ Баротов (+100 кг) ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Дар чаҳор вазни дигар меҳмонон – паҳлавонони Узбакистон Равшан Турақулов (57 кг), Ҷонибек Муқимов (62 кг) ,Шӯҳрат Бобоев (74 кг) ва Суннатуллоҳ Азимов (82 кг) - пирӯз шуданд.

Паҳлавонони тоҷик Ҳабибулоҳи Наҷибуллоҳ (57 кг), Хушбахт Назаров (62 кг) , Собир Сулаймонов (82 кг) бо медалҳои нуқра ва Фарид Ҷумъаев (74 кг) бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати самбои варзишӣ байни занон дастаи Узбакистон ҷои аввал, мунтахаби Қазоқистон ҷои дуввум ва тими Қирғизистон ҷои севумро азони худ карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни занон дар 6 вазн намояндагони Узбакистон - Дилафрӯз Абдураҳмонова (48 кг), Дилдора Убайдуллоева (52 кг), Шаҳло Юлдошева (56 кг), Наргис Ҳамидова (64 кг), Гулмира Исматова (68 кг) ва Обида Августова (+80 кг) ва дар 3 вазн намояндагони Қазоқистон - Раиса Валиева (60 кг), Паризод Жакибекова (72 кг) ва Оқмарал Чингизхонова (80 кг) – ғолиб шуданд.

Бонувони гуштигири тоҷик Муҳаббат Нодирматова (64 кг) ва Мадина Шамсиева (72 кг) медалҳои нуқра, Фирӯза Ашӯрова (48 кг), Насиба Алиматова (52 кг), Саида Додоҷонова (56 кг), Дилбар Камолова (60 кг), Дилбар Султонова (68 кг) ва Шаҳноза Пӯлодова (80 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар навъи дигари рақобатҳо - самбои ҷангӣ танҳо мардон қувва озмуданд. Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Узбакистон ҷои аввалро касб кард. Мунтахаби Тоҷикистон дуввум шуд. Дастаи Қирғизистон дар ҷои севум қарор гирифт.

Дар рақобатҳои инфиродӣ паҳлавонони тоҷик – Фаридун Устопиров (82 кг) ва Акбар Фарҳодов (90 кг) бо медалҳои тилло, Зокир Почоев (62 кг) ва Зоир Пиров (+100 кг) бо медалҳои нуқра, Фаридун Ҳусейнов (57 кг), Ризвониддин Бурҳонов (68 кг) ва Ибодулло Ниёзов (74 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.

Дар 5 вазн паҳлавонони Узбакистон – Саттор Эргашев (52 кг), Отабек Олимов (57 кг), Илҳом Сотиволдиев (62 кг), Зариф Расулов (100 кг) ва Самад Рустамов (+100 кг) пирӯз гаштанд. Инчунин дар ду вазни дигар гуштигири қирғиз Олимбек Насипов (68 кг) ва паҳлавони туркман Алай Ниёзмингалиев (74 кг) ҷойҳои аввалро соҳиб шуданд.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ, дар сабқати минтақавӣ раиси Федеросиюни самбои Осиё Фазлиддин Пӯлодов ҳузур дошт ва ӯ аз сатҳи баланди баргузории ин мусобиқа изҳори хурсандӣ кард.

Давраи севуми мусобиқаи қаҳрамонии самбои Осиёи Марказӣ моҳи марти соли 2011 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG