Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи Амрико ва Ҳинд бар сари сӯхти ҳастаӣ


Амрико ва Ҳиндустон эълон карданд, ки дар мавриди коркарди дубораи сӯхти истифодашудаи ҳастаӣ ба тавофуқ расидаанд.

Тибқи ин тавофуқ, Деҳлӣ имкон пайдо мекунад то сӯхти ҳастаиеро, ки дар нерӯгоҳҳои атомии Амрико истифода шуда буд, аз нав дар қаламраваш ғанй бисозад.

Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳосил шудани ин созишро тасдиқ карда изҳор намуд, ки ин гоми навбатӣ дар иҷрои созишномаи густардаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши энержии осоиштаи ҳастаӣ мебошад.

Ин созишнома соли 2008 имзо шуда буд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки коркарди дубораи сӯхти ҳастаӣ таҳти назорати Ожонси байналмилалии нерӯи ҳастаии СММ сурат мегирад.

Барои расидан ба созиш ҷонибҳо тӯли 9 моҳ гуфтушунид карданд. То имрӯз Вошингтон фақат бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷопон созишномаҳои ҳамсони коркарди дубораи сӯхти ҳастаиро имзо кардааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико Филип Кровлӣ ба хабарнигорон гуфт, тавофуқи ҳосилшуда нишон медиҳад, ки ду кишвар робитаҳояшонро густариш медиҳанд. Дар изҳороти ҳукумати Ҳиндустон омадааст, ки дар ҳамкориҳои осоиштаи ҳастаӣ ду кишвар гоми бисёр муҳим бардоштаанд.

То кунун Фаронсаву Русия дар ин бозори Ҳиндустон бозигарони аслӣ маҳсуб мешуданд, акнун ширкатҳои амрикоӣ низ ба ин бозори тавсеъаёбанда роҳ пайдо карданд.

Вошингтон аз Деҳлӣ хостааст, дар мавриди боз ду мавзӯи ҳассос ба қонунаш тағйирот ворид кунад. Ҳиндустон бояд ба шартҳои пешгирии тавсеаи силоҳи ҳастаӣ розӣ шавад ва инчунин бояд қонунеро қабул кунад, ки тибқи он ҳангоми ягон тасодум ҷавобгарии фурӯшанда маҳдуд хохад буд. Дар ин сурат Вазорати энержии Амрико ба фурӯши маводи ҳастаӣ ба хориҷа иҷозат медиҳад.

Ҳукумати нахуствазири Ҳиндустон Манмонаҳ Синг талоши вуруди ин тағйирот ба қавонини кишвараш шудааст ва аммо дар парлумон намояндагони ҳизбҳои мухолифи ба он мухолифат мекунанд.

Ҳиндустон тӯли даҳсолаҳо ширкатҳои хориҷиро ба бозори хастаияш роҳ намедод ва хамчунин ба аҳдномаи ҷилавгирй аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ ҳамроҳ нашуда, онро табъизомез номида буд.

Созишномаи мазкур, ки замони раёсатҷумҳурии Ҷорҷ Буш имзо шуда буд, дар ҳарду кишвар баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Ҳамин тавр баъзе мақомдорон аз ҳизби демократии Барак Обама аз он изҳори нигаронӣ мекарданд, ки созишнома дигар кишварҳо назири Эрону Кореяи Шимолиро ба густариши барномаҳои ҳастаияшон таҳрик медиҳад. Ва аммо Обама ба ин нигоҳ накарда, таҳия ва такмили созишономаро идома дод.
XS
SM
MD
LG