Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон озими Сингапур ва Бруней шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз барои нахустин бор бо мақсади анҷоми сафари давлатӣ озими кишварҳои Сингапур ва Бруней шудааст.

Бино ба иттилои торнамои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро як қатор намояндагони баландпояи кишвар, аз ҷумла вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, мушовири давлатии президент оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев, раиси бонки миллӣ Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов ва як гурўҳи соҳибкорону тоҷирон ҳамроҳӣ мекунанд.

Тибқи барномаи сафар раисиҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Сингапур ва раҳбари Бруней мулоқот хоҳад кард ва ҳамчунин форуми соҳибкорону тоҷирони кишварҳо сурат хоҳад гирифт.

Интизор меравад, дар ҷараёни ин сафар байни Тоҷикистон ва Сингапуру Бруней як силсила санадҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ имзо шавад.

Қаблан дар ҷараёни боздиди моҳи декабри соли гузашта аз Сингапур Ҳамрохон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, саноат ва коркарди фаровардаҳои кишоварзиро баррасӣ карда буд.

Аммо бархеи таҳлилгарон бо ишора ба ҳачми ночизи додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои дурдасти Сингапур ва Бруней, аз натоиҷи сафари давлатии раҳбарияти Тоҷикистон интизориҳои зиёд надоранд.

Сарчашмаҳои расмӣ ҳаҷми табодули молу коло миёни Тоҷикистон ва Сингапурро дар соли 2009 ҳамагӣ 84 ҳазор доллар баровард кардаанд. Гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишвари Бруней аз ин ҳам камтар будааст.
XS
SM
MD
LG