Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Amnesty International аз иҷрои ҳукми қатл


Созмони Amnesty International ё Афви Байнулмилал изҳор намуд, ки соли 2009 дар Аврупо ягон ҳукми эъдом иҷро нашудааст. Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башар аз ин созмон, соли гузашта дар Чин ҳазорҳо нафар ба қатл расидаанд. Дар гузориши солонаи Amnesty International аз мақомоти Чин даъват шудааст, ки теъдоди дақиқи афроди эъдомшударо ошкор намоянд.
Ба феҳристи кишварҳое, ки он ҷо ҳукми қатл иҷро мешавад, Афви Байнулмилал Эрон, Ироқ, Арабистони саудӣ ва ИМА-ро низ ворид кардааст. Муаллифони гузориш ҳамчунин гуфтанд, ки дар кишварҳои собиқ шӯравӣ - Белорусия, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон дар даҳ соли ахир бо ҳукми додгоҳ тақрибан 130 нафар эъдом шудаанд. Аксари ин кишварҳо солҳои гуногун ба иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон кардаанд. Ва аммо Белорусия ягона кишвари аврупоист, ки шурӯъ аз соли 2006 ҳукми эъдом татбиқ мешавад. Дар ин кишвар ду ҳафта пеш ду ҷинояткор ба қатл расиданд.
XS
SM
MD
LG