Пайвандҳои дастрасӣ

Вошингтон ва Деҳлӣ баъди 9 моҳ ба тавофуқ расиданд


ИМА ва Ҳиндустон эълом доштанд, ки дар мавриди коркарди дубораи сӯхти истифодашудаи ҳастаӣ ба тавофуқ расидаанд. Тибқи ин созиш, Деҳлии Нав имкон пайдо мекунад то сӯхти ҳастаиеро, ки дар нерӯгоҳҳои атомии Амрико истифода шуда буд, дубора дар қаламраваш ғанй бисозад. Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳосил шудани ин созишро тасдиқ карда изҳор намуд, ки ин гоми навбатӣ дар татбиқи Созишномаи ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши энержии осоиштаи ҳастаӣ мебошад. Ин созишнома соли 2008 имзо шуда буд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки коркарди дубораи сӯхти ҳастаӣ таҳти назорати Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ сурат мегирад.
Барои расидан ба созиш ҷонибҳо тули 9 моҳ гуфтушунид мекарданд. То имрӯз Вошингтон фақат бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷопон созишномаҳои ҳамсони коркарди дубораи сӯхти ҳастаиро имзо кара буд. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико Филип Кроулӣ ба хабарнигорон гуфт, тавофуқи ҳосилшуда намошгари густариши равобити миёни ду кишвар аст.
XS
SM
MD
LG