Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти гумонбарони терроризм дар Озарбойҷон


Дар Озарбойҷон бо гумони таҳияи ҳамлаҳои террористӣ 8 нафар боздошт шудаанд. Ба иттилоъи Вазорати амнияти миллии кишвар, панҷ мард ва се зан, ки яке сокини Чеченистон ва боқӣ - шаҳрвандони Озарбойҷонанд, ҳанӯз рӯзи 16 март дастгир шуда буданд. Ба иттилоъи тафтишот, ин гурӯҳ ба таври қочоқӣ аз Гурҷистон ба Озарбойҷон силоҳи оташфишон, тир ва маводи тарканда интиқол додааст. Як миқдор аз ин силоҳу тир ва маводи тарканда дар чаҳортоқи мактабу дабиристонҳои шаҳри Боку ошкор ва мусодира карда шуд.
XS
SM
MD
LG