Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати иҷлосияи нахустини муштараки порлумон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо нашри як фармон иҷлосияи нахустини муштараки Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро даъват кард.

Ин иҷлосия рӯзи 24 апрели соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо ширкати вакилони мунтахаби Маҷлиси Намояндагон ва аъзои Маҷлиси Миллӣ доир хоҳад шуд.

Ҳамзамон бо иҷлосияи муштарак нахустин нишасти Маҷлиси Миллӣ низ доир мешавад, ки аъзои он дар як интихоботи ғайри мустақим дар рӯзи 25 –уми матр интихоб шуданд. Раиси Маҷлиси Миллӣ, ки дар нахустин иҷлосияи он интихоб мешавад, ҳамзамон раиси Маҷлиси Олӣ низ хоҳад буд.

Дар ду давраи гузашта Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси Миллӣ ва раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки мақоми дуввуми расмӣ дар кишвар маҳсуб мешавад.

Интихоботи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар 28 феврали соли 2010 баргузор шуд, ки дар он аксарияти курсиҳои порлумонро аъзои Ҳизби халқӣ - демократии ҳоким ишғол намуданд.

Интихоботи мазкур боиси эътироз ва аз Шӯрои иҷтимоии Тоҷикистон хориҷ шудани Ҳизби наҳзати исломӣ, муҳимтарин ташаккули сиёсии мухолифи ҳукумат шуд. Инчунин нозирони САҲА низ интихоботи порлумонии 28-уми февралро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ надонистанд.

54 курсӣ аз 63 курсии Маҷлиси Намояндагонро аъзо ва ҷонибдорони ҲХД ба худ ихтисос доданд ва чор ҳизби дигар ба шумули Ҳизби исломӣ, Ҳизби агарӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисод, Ҳизби коммунист ду нафарӣ намоянда дар Маҷлиси Намояндарон доранд.
XS
SM
MD
LG