Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Туркия аз Обама барои пешгирӣ аз тарҳи қонун


Туркия аз давлати Обама дархост кард, ки аз тасвиби тарҳи қонун дар бораи қатли ом шинохтани куштори арманиҳо дар солҳои ҷанги якӯми ҷаҳонӣ пешгирӣ кунад. Аҳмет Довутуғлӣ-вазири корҳои хориҷаи Туркия дар ин бора дирӯз бо хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷаи Амрико телефонӣ гуфтугӯ кард. 4-ӯми марти соли ҷорӣ пешнависи ин қонун дар Кумитаи корҳои хориҷаи Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико бо бартарии хеле ночиз ба тасвиб расид. Куштори арманиҳо ҳудуди 100 соли пеш дар давраи туркҳои усмонӣ сурат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG