Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфони шадид ва барф роҳҳои шарқи Қазоқистонро баст


Бахши қазоқии радиои Озодӣ гузориш медиҳад, ки имрӯз дар шарқи Қазоқистон дар вилояти Қарағанда бисёре аз роҳҳои автомобилравро ба сабаби тӯфони шадиди барф бастаанд. Вазорати умури изтирорииҚазоқистон гуфтааст, роҳи Қарағанда-Ақсу Аулӣ низ аз 28-ӯми март ба ин сӯ баста шудааст. Дар қисматҳои дигари шарқи Қазоқистон барф об мешавад ва як ҷо бо боришоти мавсимӣ боиси ҷоришавии селобҳо шудааст. Дар минтақаи селобҳо тақрибан 2000 хона хароб шудааст.
XS
SM
MD
LG