Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷорҳои Маскав як тоҷик низ кушта шудааст


Мақомоти Русия мегӯянд, дар ду инфиҷори рӯзи душанбе дар метрои Маскав 38 нафар кушта шудаанд. Расонаҳои Маскав хабар медиҳанд, ки дар миёни кушташудагон як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Ду таркиш дар метрои Маскав субҳи имрӯз, 29-уми март ҳадди ақал 38 нафар кушта ба ҷой гузошт. Масъулини ниҳодҳои зирабти Русия гуфтаанд, 72 нафари дигар ҳам дар ин таркишҳо ҷароҳат бардоштаанд.

Рӯзномаи "Московский комсомолец" навиштааст, ки дар миёни кушташудагон як нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Умед Абдураҳмонов низ ҳаст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки як шаҳрванди дигари Тоҷикистон низ бар асари ин таркишҳо маҷрӯҳ шуда ва дар беморхонаи Склифасовский таҳти муроқибати пизишкон аст.

Мақомоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар ҳоли таҳияи ин хабар гуфтанд, чунин иттилоеро дарёфт кардаанд, аммо сиҳати комили онро фақат субҳи рӯзи 30 март метавонад тайид кунанд.

Раиси Хадамоти Федеролии Амнияти Русия мегӯяд, шӯришиёне, ки бо минтақаи Қафқози Шимолӣ иртибот доранд, дар ин бамгузориҳои интиҳорӣ гумонбар дониста мешаванд. Кормандони умури изтирории Русия гуфтаанд, ду зани маргталаб дар ҳар ду ҳодиса худро замоне мунфаҷир сохтаанд, ки қаторҳо вориди истгоҳ шудаанд. Як инфиҷор дар истгоҳи "Лубянка" ва дигарӣ дар истгоҳи "Парк култури" рух додааст.

Кори дасти гурӯҳҳои қафқозӣ?

Александр Бортников, раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия дар ҷараёни мулоқоте бо Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ки аз тариқи телевизион пахш мешуд, изҳор дошт, ки иртибот додани инфиҷорҳо бо Қафқози Шимолӣ ба расидагиҳо бар пораҳои ҷасади бамгузорони интиҳорӣ асос ёфтааст: “Фарзияи муқаддамотии мо ин аст, ки ин аъмоли террористиро гурӯҳҳои террористии марбут ба Қафқози Шимолӣ анҷом додаанд. Ин фарзияи аслии мост".

Медведев ба нируҳои амниятӣ дастур дод, ки дар саросари кишвар дар нақлиёт тадобири амниятӣ андешида шавад ва бар зидди теророризм то охир мубориза идома ёбад. Вай гуфт: "Хати маши саркӯб ва мубориза бо терорризм дар кишвари мо идома хоҳад ёфт. Мо бидуни ҳеҷ дудилагӣ амлиётро бар зидди терроризм то охир идома медиҳем".

Наворҳо ё аксҳое, ки шоҳидони айнӣ бо телефонҳои ҳамроҳи худ дар саҳҳнаи инфиҷорҳо бардоштаанд аз тариқи телевизион пахш шуд. Дар ин наворҳову аксҳо ҷасаддҳо ҳар тараф афтодаанд ва ононе, ки ҷон ба саломат бурдаанд, ҳаросон сӯҳбат мекарданд.

Яке аз онҳо чунин мегӯяд: "Дар вақти инфиҷор ман аз истгоҳи "Кузнетский мост" ба истгоҳи "Лубянска" мугузаштам. Бо эсколатор боло мерафтам ва дар ҳамин вақт садои инфиҷорро шунидам. Инфиҷор дари даромадгоҳро пора кард. Гарду чанг болои ба эсколаторро тира кард. Одамон дар эсколатор ба давидан шурӯъ карданд, баъзеҳо меафтоданд, пешпо мехӯрданд. Ман ҳам давидам ва ба майдони "Лублянка" баромадам. Дар он ҷо шумораи зиёди таҷҳизоти оташнишонӣ ва пулис ҷамъ шуда буд. Кормандони наҷот бо замбарҳо аз метро ба берун медавиданд".

Баъд аз 30 дақиқаи инфиҷори авввал садои инфиҷори дуввум дар истгоҳи метрои "Парк култури" баланд шуд. Тибқи гузориши бахши русии радиои Озодӣ мошинҳои кӯмаки таъҷилӣ ва оташнишон ба мушкилӣ худро ба маҳали ҳодиса мерасонданд, зеро дар ин соатҳо роҳҳои шаҳр хеле пурмошин буд.

Таркишҳо - вокуниши шӯришиён?

Таҳлилгарон ба бахши русии радиои Озодӣ гуфтаанд, тундравҳо бо чунин инфиҷорҳо ба куштори ахири раҳбарони шӯришии худ дар Қафқози Шимолӣ вокуниш нишон додаанд.

Дар давоми моҳи март нируҳои амниятии Русия ва вазорати корҳои дихилаи ин кишвар дар Қафқози Шимолӣ чанд амалиёти муваффақиятомез анҷом доданд ва дар ин амалиёт чанд нафар аз фармондеҳони аршади тундравҳо кушта шуданд. Ба ақидаи таҳлилгарон, ин инфиҷорҳо қасосе барои куштори фармондеҳонашон аст.

Мақомоти амниятии Русия таъйид кардаанд, ки Анзор Астемиров 24-ӯми март дар Налчик кушта шудааст. Вай шахси севвум дар гурӯҳи Доку Умаров дониста мешуд. Дар амалиёти 7 - март Саид Бурятский, яке аз раҳбарони маънавии тундравҳо кушта шуд.


После теракта в метро "Лубянка"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:44 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG