Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Обама аз Афғонистон 6 соат давом кард


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба таври ғайримунтазира аз Афғонистон боздид анҷом дод. Ин нахустин боздиди вай дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Афғонистон аст. Вай ба Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ҳамзамон бо мубориза бо ришвахорӣ бояд дар бахши низомӣ низ дар мубориза бо тундравҳо пешрафт ба даст ояд. Обама дар пойгоҳи низомии Багром зимни мулоқот бо сарбозони Амрико гуфт:

"Дар рӯзҳои оянда каме душвориҳо ва ақибнишинӣ пеш хоҳад омад. Мо бо душмани сарсахт рӯ ба рӯ мешавем. Аммо мо инро низ медонем: Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ақиб нахоҳад нишаст, агар чизеро шурӯъ кунад".

Барак Обама гуфт, ки вай ба комёбии нируҳои Амрико дар иҷрои вазифаашон дар Афғонистон боварӣ дорад. Бозиди Обама баъд аз шаш соат аз Афғонистон поён ёфт.
XS
SM
MD
LG