Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ангела Меркел, канслер ё садри аъзами Олмон дар пайи янҷоми як сафари бисёр муҳим вориди Туркия шуд. Ин иттифоқ дар ҳолест, ки Олмону Туркия сари чандин мавзӯъ назари мутафовит доранд.

Узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Аврупо, таҳримот алайҳи Эрон, ҷойгоҳи ҷамъияти туркҳо дар Олмон аз масоилест, ки Олмону Туркия ба ҳалли онҳо аз зовияҳои мухталиф назар мекунанд.

Мавзӯъи аз ҳама дарднок ҷойгоҳи ояндаи Туркия дар Иттиҳодия Аврпуост, ки сарусадои он солҳо боз баланд аст, аммо ҳеҷ иқдоми қатъӣ дар ин самт пиёда нашудааст. Олмон дер боз пешниҳоди бунёди равботи вижа бо Туркияро матраҳ мекунад ва онро "шарикии боимтиёз" миёни Туркия ва Иттиҳодияи Аврпуо унвон кардааст. Ин албатта ин ба маънои узвияти комил дар Иттиҳодияи Аврупо нест ва ин аст, ки зикри он Туркияро ҳамеша асабонӣ мекунад.

Туркия хоҳони ҳаққи комил дар Иттиҳодияи Аврупо

Егемен Бағиз, вазири Туркия дар умури Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, Анкара ба ҷуз узвияти комил чизи дигареро қабул надорад, чун ба ҷуз узвияти комил мақоми дигаре вуҷуд надорад.

Ӯ афзуд, ин пешниҳод заминаи ҳуқуқӣ надорад ва Туркия онро ҷиддӣ намегирад ва гузашта аз ин, ӯ худро таҳқиршуда медонад.
Бо вуҷуди нороҳатии Туркия, Ангела Меркел қабл аз сафар пешниҳоди худро, ки Фаронса низ аз он пуштибонӣ кардааст, бори дигар такрор намуд.

Ин ду кишварии калидии Иттиҳодияи Аврупо ба узвияти Туркия, як давлати мусалмоннишини дорои як даста мушкилоти сиёсиву иқтисодиву нақзи ҳуқуқи башар, эҳтиёткорона бархӯрд мекунанд.

Зовияи Туркияву Иттиҳоди Аврпуо бар сари манъи барномаҳои ҳастаии Эрон низ аз ҳам фарқ доранд. Формулаи нахуствазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон - "Дипломатия ва боз ҳам дипломатия аст". Ӯ зимни сӯҳбат бо маҷаллаи “Шпигел”-и Олмон гуфт, "ҳар чизи берун аз дипломатия ба осоиштагии ҷаҳон таҳдид мекунад ва ҳеҷ ҳосиле ба бор намеорад. Эрдуғон зикр кард, ки то ҳол таҳримоти бисёре алайҳи Эрон ҷорӣ шуда, вале дасоварде надоштааст".

Баръакси мавқеъи Эрдуғон, канслери Олмон якҷо бо қудратҳои дигари ғарбӣ ҷонибдори таҳримоти шадид алайҳи Ирон аст, албатта агар дипломатия мисли солҳои қаблӣ ноком бошад.

Хонум Меркел зимни суханронии ҳафтагии худ гуф: "Агар Эрон дар ниҳояти амр масоили нерӯи ҳастаии худро шаффоф накунад, мо бояд аз пайи таҳримҳо шавем."

Ва як мавзӯъи муҳими дигар, ки дар мулокоти Анкара баррасӣ мешавад, будубоши ҷамъяти туркҳо дар Олмон аст. Мавқеъи ҷонибҳо дар ин мавзӯъ аз ҳам фарқ мекунад.

Олмон дар талоши ҳамоиш, туркҳои олмонӣ дар пайи ҳифзи ҳуввият


Теъдоди туркҳои муқими Олмон беш аз чаҳор миллион унвон мешавад, ки аксари онҳо намояндагони наслҳои сеюм ва чаҳоруми муҳоҷирони турк будаанд. Меркел ба мисли аксар олмониҳо мӯътақид аст, ки туркҳо бояд ба ҷомеъаи кишвар ҳамоиш ёбанд.

Аз сӯи дигар Эрдуғон мехоҳад, ки ин гурӯҳи қавмӣ турк будани худро аз ёд набарад. Ҳафтаи гузашта ӯ ба таъсиси макотиби туркӣ дар Олмон даъват кард. Даъвате, ки Ангела Маркел намепазирад. Аммо садри аъзами Олмон дар сӯҳбати видеоии рӯзи шанбе Анкараро итминон дод, ки ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад туркҳои Олмонро аз ҳуввияти миллии онҳо маҳрум кунад.

Ӯ гуфт: "Мо мехоҳем мардуме, ки ин ҳама сол якҷо ба сар мебарем, бо мо ҳамоиш ёбанд, яъне дар пешрафти ҷомеъаи худ шарик бошанд, дар кору зиндагӣ, дар оила. Ин ба маъниост, ки онҳо бояд бо забони олмонӣ суҳбат кунанд ва қонунуҳои Олмонро эҳтиром намоянд".

Дар баробари чанд мавзӯъе, ки зикр кардем, масоили иқтисодӣ ва сулҳи Ховари Миёна низ аз мавзӯъоти гуфтӯи Ангела Маркел бо мақомоти Туркия номбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG