Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвозҳо аз Тоҷикистон ба Русия оғоз шуд


Парвози ҳавопаймоҳо миёни Русия ва Тоҷикистон имрӯз аз сар гирифта шуд. Дар ин бора Олим Бобоев-вазири нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон дар нишасти хабарие дар Душанбе иттлоъ дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, мақомоти расмии ниҳодҳои ҳавопаймоӣ дар давоми ду шабонарӯзи таваққуфи парвозҳо бо ҳам дар бораи оғози парвозҳо музокира анҷом додаанд. Вазорати нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон гуфтааст, сабаби таваққуфи парвозҳо ба таъхир афтодани имзои қарордоди миёни ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистону Русия будааст.
XS
SM
MD
LG