Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаҳои талху орзуҳои ширини ятимон


Дар роҳ ба мактаб-интернати Суғд, воқеъ дар шаҳри Чкалов, беихтиёр таваҷҷӯҳам ба ду манзара ҷалб шуд.

Дар як тараф як гурӯҳи тифлакону наврасонеро мушоҳида кардам, ки дар оғӯши гарми волидон, назди манзилҳои худ шодикунон машғули бозиҳои мухталиф буда, ба қавле айёми ширини кӯдакиро аз сар мегузарониданд ва волидонашон ҳам ҳар замон онҳоро назорат кардаву, бо суханони хуш ба хӯрокхӯрӣ даъват мекунанд, аммо дар он тарафи девори мактаб-интернат, кӯдаки тахминан 8-10 солаеро дидам, ки либосҳои шустушукардаи худро ба тор овехта, бо ҳавас шодиву бозиҳои ҳамсолони беғамашро менигарист. Ин мусоҳибам Комилҷон Шарипов будааст, ки мегӯяд 7 соли пеш, баъд аз фавти падари муҳоҷираш дар Русия, модараш аз ноилоҷӣ ӯро аз ноҳияи Масчоҳ ба ин мактаб-интернат овардааст.

Дар ин парваришгоҳ ҳамтақдирони Комилҷон кам нестанд. Шаҳроми Мирзомуродзода ҳамроҳ бо бародараш Амирҷон дар ин ҷо тарбия мегиранд. Шаҳром мегӯяд, ҳанӯз дар синни панҷ ва ду солагӣ аз дидори падар бенасиб шудаанд ва модар дар танҳоӣ аз уҳдаи таъмину тарбияи онҳо набаромада аст. Бародарон қисса мекунанд, ки нахустин рӯзҳои зиндагиро дар дурӣ аз модар дар ин мактаб ба сахтӣ, ғамгину бо мушкилот сипарӣ мекарданд, вале ҳоло ба ин муҳит одат кардаанд. Амирҷон, бародари 8-солаи Шаҳром мегӯяд, худро танҳо эҳсос намекунад ва шукр мекунанд, ки ба фарқ аз дигар дӯстонаш дар ин парваришгоҳ бо бародараш якҷо бар сар мебаранд. Амирҷон ба хондани сурудҳои классикӣ шавқи зиёд дорад ва як суруди нав аз баркардаашро, ки дарду доғи танҳоиро қисса мекунад, ба ҳаводорони “Ояндасоз” қироат кард:


Модарам ай модарам, ай модарам ҷоне,
Ман бошам туро нигаҳдоре.
Хоки поят нури чашмоне,
Ман бошам туро нигаҳдоре.
Долони баланд, ҷойгашти модаре,
Хабаргирӣ ҳам каҳобу додар хоҳаре.
Мардум меган холо ба ҷои модаре,
Фандум накунед сӯзиши модар дигаре.
Гул чиламу гул чидам, садам модаре,
Сангҳоро ба санг задам, гуфтам модаре.
Не янга бақо дорад, не моиндаре,
Ҳеҷ кас нарасад ба хоки пои модаре.


Қундуз Солеҳова, директори мактаб-интернат, мегӯяд, ҳоло 140 чунин кӯдаки бепарастор ва ё фарзандони оилаҳои камбизоат дар он таълиму тарбия мегиранд, ҳарчанд, ба қавли хонум Солеҳова, муассисаи мазкур барои 90 нафар пешбинӣ шудааст. Таъмини хонандагонро ба ҷуз аз мақомоти Суғд, чанд соҳибкорони дигар низ бар ӯҳда гирифта будаанд.

Гулбаҳор Қурбонова, роҳбари иттиҳоди ҷамъиятии «Operesion Mersy» ва муаллифи барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Хуҷанд, омили аслии афзун шудани шумори кӯдаконеро, ки ба тарбияи парваришгоҳу ятимхонаҳо супурда мешаванд, дар тангдастии хонаводаҳо ва муҳоҷирати волидон дар пайи дарёфти кору рӯзи марбут медонад. Хонум Қурбонова ҳамчунин бо таассуф афзуд, масъулини ниҳодҳои давлатӣ танҳо дар маросими ҷашнгирии идҳо ба ин гуна мактабҳо таваҷҷӯҳ мекунанду халос.

Бо ин вуҷуд, аксар мусоҳибони хурдсоли мо, ки аз ноилоҷӣ дар мактаб-интернат ба сар мебаранд, чун дигар ҳамсолони худ ба зиндагӣ бо умед нигариста, бо орзуи дидори модарони худ дур аз оғӯши онҳо зиндагӣ мекунанд.

Дар орзуи модар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00
XS
SM
MD
LG