Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ, муҳосираи иқтисодии Ӯзбакистон ва пайвасти мустақим бо ҷаҳони хориҷ замина ва имконоти кофӣ дорад.

Олим Бобоев, вазири нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, дар як сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, Тоҷикистон метавонад тавассути қаламрави Афғонистон ба роҳи оҳани Туркманистон ва тавассути ин кишвар ба роҳи оҳани умумӣ аз ҷумла Қафқозу Русия пайваст шавад. Аз тарафи дигар, дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз роҳҳои заминии худ мустақим бо Чин иртибот барқарор кардааст.

Баҳсу баррасиҳо дар бораи истифода ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳҳои алтернативии берунрафт аз бунбасти комуникасионӣ ва инҳисори иқтисодии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон дар ҳоле бештар мешавад, ки Ӯзбакистон убур аз роҳҳои заминӣ, аз ҷумла, роҳи оҳани худ барои вагонҳои Тоҷикистонро тақрибан ғайримумкин сохтааст.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили ин ҳизб дар парлумони Тоҷикистон, мегӯяд, дер ё зуд давлати Тоҷикистон маҷбур хоҳад шуд, то сохтмони роҳҳои дигари иртиботот бо ҷаҳони хориҷ бидуни убур аз қаламрави Ӯзбакистонро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ кунад. Оқои Шабдолов гуфт, Тоҷикистон метавонад аз се самт - Қирғизистон, Афғонистон ва Чин бо ҷаҳони хориҷ алоқа барқарор кунад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик, мегӯяд, дар шароити феълӣ, ки иқтисоди Тоҷикистон тавони сохтмони чунин ҷодаҳоро надорад, роҳи беҳтар ба тавофуқ расидани Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аст. Оқои Умаров мегӯяд, ҳатто дар сурати сохтмони роҳҳои алтернативии бидуни истифода аз қаламрави Ӯзбакистон ҳам, роҳи оҳани Ӯзбакистон барои Тоҷикистон аз лиҳози иқтисодӣ судманд боқӣ хоҳад монд.

Ба ин тартиб, масъулин ва маҳофили коршиносоии Тоҷикистон таҳти фишори Ӯзбакистон дар талоши ёфтани роҳҳои алтернативии раҳоӣ аз бунбасти коммуникасионӣ ва муҳосираи иқтисодии Ӯзбакистонанд. Вале ҳанӯз ҳам вагонҳои ҳомили бори Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон боздошт мешаванд ва гурӯҳе аз тоҷирони тоҷик низ бо ирсоли номае аз мақомоти Ӯзбакистон хоҳиш кардаанд, ки дар расидагӣ ба ин мушкилӣ кӯмак кунанд. Дар ҳамин ҳол, баҳси муҳосираи эълоннашудаи Ӯзбакистон алайҳи Тоҷикистон дар сатҳи СММ низ мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст.

Масъулони Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон мутмаинанд, ки дар ояндаи наздик роҳҳои алтернативии алоқа бо ҷаҳони хориҷ бидуни ҳаракат аз қаламрави Ӯзбакистон ба истифода дода хоҳад шуд ва сари ин мавзӯъ роҳбарияти кишварҳои Туркманистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ба тавофуқоти муқаддамотӣ даст ёфтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG