Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши ҷаҳониён ба инфиҷорҳои Маскав


Имрӯз маҳофили байналмиллалӣ инфиҷори марбори метрои Маскавро маҳкум карданд. Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли паймони НАТО қавл дод, ки барои мубориза бар зидди терроризм бо Русия ҳамкорӣ мекунад. Вай гуфт, барои чунин ҳамлаҳо ба мардуми бегуноҳ ҳеҷ гуна тавҷеҳ ё далел наметавонад ҷой дошта бошад. Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса мақомоти Русияро мутмаин сохт, ки Фаронса дар мухолифати Русия бо ин амали буздилона ва зишт ҳамсадост". Йержӣ Бузек-раиси порламони Иттиҳодияи Аврупо ва нахуствазири пешини Полша гуфт, порламони Аврупо барои расидагӣ "кӯмаки ҳамаҷониба"-и худро ба Русия пешниҳод мекунад.
XS
SM
MD
LG