Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷирони тоҷик дар бозорҳои Бишкек


Дар бозорҳои умдафурӯшии Қирғизистон як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба тиҷорат машғуланд. Ба гуфтаи онҳо, дар Қирғизистон ба тиҷорати озод роҳи васеъ кушода шудааст.

Як ҳамсӯҳбати мо, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ҳар моҳ дар ҳудуди ҳаштсад-ҳазор доллари амрикоӣ фоида ба даст меорад ва ними онро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад. Вай афзуд, аз ҳисоби фоидаи тиҷорат ғайр аз аъзои хонаводаи худ боз шиками чанд нафари дигарро сер мекунад. Ба гуфтаи ин тоҷири тоҷик, дар Қирғизистон мардум миллатгароиро фаромӯш кардааст. Вай мегӯяд, касе боре таъна назадааст, ки чаро вай дар кишвари бегона ба тиҷорат рӯй овардааст. Ин ҳамсӯҳбати мо ҳамчунин тазаккур дод, ки аз тафтиши кормандони идораи андоз ва органҳои ҳуқуқ ва тартибот ҳеҷ тоҷир дар канор намемонад. Вай мегӯяд, вале аксарияти онҳо, ки шиносномаи қирғизӣ доранд, аз доми тафтишгарон зудтар наҷот меёбанд.

Ба гуфтаи тоҷири тоҷик, дар Қирғизистон пардохти ҳаққи гумрук ва ҳаққи молиёте, ки ҳукумати ин кишвар барои бизнесменҳо муқаррар кардааст, чандон гарон нест. Вай гуфт, маҳз ба ҳамин далел тиҷорати худро дар Қирғизистон ба роҳ мондааст. Аммо ин тоҷир нагуфт, ки дар бозор ба фурӯши чӣ мавод машғул аст.

Хайрулло Қаландаров, як тоҷири тоҷик, ба радиои Озодӣ гуфт, шаш сол боз дар бозори «Дордой», яке аз бозорҳои бузурги умдафурӯшии Қирғизистон, ҳамроҳи бародараш ба тиҷорат машғул аст. Ба гуфтаи Хайрулло Қаландаров, вай бо бародараш аз вилояти Хатлон ба Қирғизистон омадааст ва бо навбат дар се-чор моҳ як маротиба ба Тоҷикистон рафта меоянд. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки зану фарзандони ӯ ва бародараш дар яке аз хоҷагиҳои Қурғонтеппа ба сар мебаранд. Ба таъкиди Хайрулло Қаландаров, ӯ соҳиби маълумоти олии омӯзгорӣ аст, вале маоше, ки ҳукумати кишвараш барои омӯзгорон муқаррар кардааст, вайро қаноат надод ва ба бозор рӯй овард.

Мавсуф мегӯяд, як қисми пуле, ки аз тиҷорат ба даст меоранд, барои пардохти ҳаққи иҷораи манзил ва барои харидории маводи ғизоӣ сарф мекунанд ва қисмати боқимондаи онро бародарон ба хона мефиристанд. Ба гуфтаи ин тоҷир, пуле, ки моҳона ба буҷаи хонаводаи ҳар ду бародар ворид мешавад, дар ҳудуди сесад доллариро ташкил мекунад.

Ба ин тартиб, аз сӯҳбат бо тоҷирони тоҷик чунин натиҷа ҳосил шуд, ки Қирғизистон ба тиҷорат роҳи васеъ кушодааст. Гуфта мешавад, агар Тоҷикистон низ аз ин раванд пайгирӣ кунад ва ба тиҷорат роҳи васеъ кушояд, зиндагии мардуми ин кишвар боз ҳам фаровонтар хоҳад шуд. Ба гуфтаи тоҷирони тоҷик, аммо дар бозорҳои Тоҷикистон тафтишу назоратҳои бамавриду бемавриди кормандони идораи андоз ва ходимони умури интизомӣ сол аз сол афзоиш ёфтааст. Ба таъкиди ин манобеъ, маҳз ҳамин тафтишҳои зиёд мунҷар ба он шудааст, ки як қисми тоҷирон кори тиҷорати худро ба Қирғизистон ва Қазоқистон интиқол диҳанд. Бояд гуфт, дар миёни тоҷирони тоҷикистонӣ тоҷирони муваффақ низ кам нестанд.
XS
SM
MD
LG