Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди давлатии Раҳмон аз Сингапур оғоз мешавад


Дар Душанбе эълон шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон 31-ӯми март барои боздиди давлатӣ вориди Сингапур хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" аз қавли як манбаи наздик дар доираҳои ҳукуматӣ иттилоъ додааст. Дар ҷараёни ин боздид байни Тоҷикистон ва Сингапур як силсила санадҳои ҳамкорӣ имзо мешавад. Раҳбари Тоҷикистон дар ин боздид шуморе аз тоҷирон ва соҳибкорони муваффақро ҳамроҳ хоҳад гирифт. Дар ҷараёни боздиди моҳи декабри соли гузашта аз Сингапур Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, саноат, коркарди фаровардаҳои кишоварзӣ ва ҳамкориҳои дар бахши маоданро баррасӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG