Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиби Сурх ба Муғалистон дархости кӯмак кард


Салиби Сурхи Байналмиллалӣ ба ҳазорон нафар чорводори Муғулистон, ки чорвои худро дар сармои шадид аз даст додаанд, дархости кӯмак кард. Салиби Сурх мегӯяд, ҳазорон ҳайвони хонагӣ аз сармои шадиди соли ҷорӣ ва гуруснагӣ ҷон додаанд. Салиби Сурх гуфтааст, барои кӯмакҳои фаврӣ ба 3 000 хонавода тақрибан 900 000 доллар зарур аст. Тақрибан нисфи аҳолии ин кишвар машғули чорводорианд ва онҳо барои барқарор кардани шумораи чорвои худ ба кӯмакҳои фаврӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG