Пайвандҳои дастрасӣ

Лужков: 2 зан инфиҷорҳои Маскавро анҷом додаанд


Мақомоти расмии Русия мегӯянд, ду хонуми машкуки маргталаб дар ду инфиҷори алоҳида дар ду истгоҳи метрои Маскав 38 нафарро куштаанд. Кормандони мақомоти умури изтирорӣ мегӯянд, дастикам, 64 нафар дар истгоҳи "Лублянка" ва дар истгоҳи "Парк Култури" дар ин нфиҷорҳо ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти Маскав гуфтаанд, ду зан бо тасмаҳои мунфаҷира дар камар ҳангоме, ки қатор наздик мешуд, худро мунфаҷир сохтаанд. Юрий Лужков-шаҳрдори Маскав мегӯяд, Хадамоти Амнияти Федеролии Русия таъйид кардаанд, ки бамгузорон ду зан будаанд:

"Бино ба гузоришҳои муқаддамотӣ, ки мо аз ФСБ гирифтем, ду зани маргталаб ба инфиҷорҳо кашонда шудаанд. Ҳуввияти онҳо шиносоӣ шудааст".

Доситонии Русия мегӯяд, ки барои расидагӣ ба имкони амали "террористӣ" парванда боз кардааст. Истгоҳи "Лублянка" ба бинои Хадамоти Амнияти Федеролии Руссия наздик аст. Касе ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда нагирифтааст. Дар шаш соли ахир ин маргбортарин ҳамла будааст.
XS
SM
MD
LG