Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав:Парвозҳо бо Тоҷикистон имрӯз оғоз мешавад


Хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ додааст, ки имрӯз роҳҳои ҳавоии байни Русия ва Тоҷикистон пурра боз мешавад. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати нақлиёти Русия ба хабаргузорӣ иттилоъ додааст. Ин манбаъ гуфтааст, дар бораи боз шудани хатҳои парвоз мақомоти хадамоти ҳавоии ин ду кишвар ба тавофуқ даст ёфтаанд. Ба гуфтаи вазорати нақлиёти Русия, масоили мавриди баҳс, ки боиси қатъи парвозҳо дар ин рӯзҳо шуд, дар музокироти ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ҷониби Русия гуфтааст, ин музокирот 10-ӯми апрел дар Маскав баргузор мешавад. Қаблан Олим Бобоев-вазири нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон низ гуфта буд, ки парвозҳо аз сар гирифта мешавад. Бобоев ишора карда буд, ки ин парвозҳо ба "сабабҳои техникӣ" қатъ шудааст.

XS
SM
MD
LG