Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав мегӯяд, инфиҷорҳо кори 2 зани маргталаб аст


Мақомоти расмии Русия мегӯянд, ду хонуми машкуки маргталаб дар ду инфиҷори алоҳида дар ду истгоҳи метрои Маскав 35 нафарро куштаанд. Кормандони мақомоти умури изтирорӣ мегӯянд, дастикам, 40 нафар дар истгоҳи Люблянка ва дар истгоҳи Парк Култури дар ин нфиҷорҳо ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти Маскав гуфтаанд, ду зан бо тасмаҳои мунфаҷира дар камар ҳангоме, ки қатор наздик мешуд, худро мунфаҷир сохтаанд. Доситонии Русия мегӯяд, ки барои расидагӣ ба имкони амали "террористӣ" парванда боз кардааст. Дар Люблянка, дастикам, 22 нафар ва дар Парк Култури, дасткам, 12 нафар кушта шудаанд. Истгоҳи Люблянка ба бинои Хадамоти Амнияти Федеролии Руссия наздик аст. Касе ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорҳоро бар ӯҳда нагирифтааст. Дар шаш соли ахир ин маргбортарин ҳамла будааст.
XS
SM
MD
LG