Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз 30 нафао дар инфиҷори Маскав кушта шудаанд


Мақомоти умури изтирории Русия мегӯянд, дар ду инфиҷори алоҳида дар метрои Маскав беш аз 30 нафар кушта шудаанд. Инфиҷори аввал дар истгоҳи метрои Люблянка ва инфиҷори дуввум баъд аз муддати кӯтоҳ дар истгоҳи Парк Култури рух дод. Доситонии Русия мегӯяд, ки барои расидагӣ ба имкони амали "террористӣ" парванда боз кардааст. Кормандони вазорати умури изтирории Русия мегӯянд, бино ба ҳисобҳои тақрибӣ дар инфиҷори истгоҳи Люблянка ҳудуди 25 нафар ва дар истгоҳи Парк Културӣ 12 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Дар бораи ҳуввияти кушташудагон маълумот дода намешавад.
XS
SM
MD
LG