Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе аввалин барандаи сабқати Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон гардид.

Дар ин бозӣ, ки рӯзи якшанбеи 28-уми март дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода сурат гирифт, дастаи «Истиқлол», барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2009, бар тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Замони асосии ин дидор бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Дар замони изофӣ Дилшод Восиев, бозигари «Истиқлол», ду гол ба самар расонд ва ба дастааш пирӯзӣ овард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG