Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама, барои нахустин бор ҳамчун раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо як сафари ғайримунтазира вориди Афғонистон шуд.

Дар ҷараёни ин боздиди кӯтоҳмуддат ӯ бо роҳбари Афғонистон Ҳомид Карзай гуфтушунид анҷом дод ва дар пойгоҳи низомии Багром бо сарбозу афсарони амрикоӣ мулоқот орост.

Нахустин сафари Обама ба Афғонистон ба ҳайси раисҷумҳур, таҳти чораҳои бесобиқаи амниятӣ сурат гирифт. То замоне, ки ҳавопаймои президенти Амрико ба фурудгоҳи Багром фуруд наомад, дар бораи сафараш ба Афғонистон иттилое паҳн нашуда буд. Аз фурудгоҳи Багром Обама бо чархбол ба Кобул барои гуфтушунид бо Ҳомид Карзай парвоз кард.

Баъд аз дидораш бо Карзай раисҷумҳури Амрико ба хабарнигорон аз пешравиҳо дар Афғонистон харф зад ва аз раисҷумҳури Афғонистон даъват намуд, ки дар самти беҳбуди зиндагии мардум, ҳукуматдории хуб, мубориза алайҳи фасод ва истиқрори ҳокимияти қонун ба кушишҳояш идома диҳад.

Обама Карзайро барои музокирот ба Вашингтон даъват намуд ва тавре Кохи сафед хабар дод, боздиди раҳбари Афғонистон аз Амрико дар моҳи май тарҳрезӣ шудааст. Карзай ба Обама барои ёриҳои кишвараш изҳори сипос намуд ва гуфт, ки ҳамкории Амрикову Афғонистон идома хоҳад ёфт.

Қабл аз сафари Обама Кохи сафед гуфта буд, раисҷумҳури Амрико мехоҳад дар маҳалли анҷоми амалиёт аз фармондеҳи неруҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон генерал Стенли Маккристал ва сафири Амрико дар он кишвар Карл Эйкенберӣ иттилои дасти аввал гирад.

Зимни вохурӣ бо сарбозу афсарони амрикои дар пойгоҳи ҳавооии Багром Барак Обама гуфт:
“Моро рӯзҳои сахт дар пешанд. Моро ақибнишиниҳо низ интизоранд. Душмани мо сарсахту қотеъ аст. Аммо, мо медонем, ки агар Амрико кореро шурӯъ кунад, онро ба анҷом мерасонад.”

Соли гузашта Барак Обама барои тақвияти мубориза бо Толибон ба Афғонистон 30 ҳазор нерӯи иловагӣ эъзом карда, хамчунин, тахмин зада буд, ки миёнаҳои соли 2011 фарохонии артиши Амрико аз ин кишвар оғоз мегардад. Обама дар пойгоҳи низомии Багром бори дигар таькид кард, ки Амрико ал-Қоида ва ҳампаймононашро шикаст хоҳад дод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG