Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян Сеулро дар "ҷанги равонӣ" айбдор мекунад


Мақомоти Кореяи шимолӣ ҳамсояҳои ҷанубии худро дар шурӯъи маъракаи тӯҳмату бӯҳтон алайҳи Пхенян айбдор карданд ва аз Иёлоти Муттаҳида хостори дахолат ба ин қазия шудаанд. Дар изҳороте, ки ахиран расонаҳои Пхенян нашр карданд, сухан дар бораи оғози "ҷанги равонӣ" аз сӯи Кореяи ҷанубӣ дар марзи миёни ду кишвар меравад. Мақомоти Кореяи шимолӣ ҳушдор додаанд, ки ин амалкарди ҳамсояҳои ҷанубӣ метавонад паёмадҳои ногувор дошта бошад.
Дар изҳорот дар мавриди бар асари таркиш ғарқ шудани як киштии Кореяи ҷанубӣ дар қитъаи баҳрии марзи ду кишвар чизе гуфта нашудааст. 46 маллоҳ аз ин киштӣ то ҳол беному нишон ғайбзада маҳсуб мешаванд. Сеул тафтиши ҳодисаро идома медиҳад.
XS
SM
MD
LG