Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Эрон дар Квебек баррасӣ мешавад


Вазирони умури хориҷии ҳашт кишвари пешрафтаи саноатии олам имрӯз дар як нишаст дар Канада сари мавзӯъи барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон тамаркуз хоҳанд кард. Нишасти дурӯза дар шаҳри Гатинеюи Квебек дар вазъе шурӯъ мешавад, ки ИМА барои таҳримҳои шадидтари Шӯрои амнияти СММ алайҳи Теҳрон талош мекунад ва ба ризояти Чин ниёз дорад. Ҳафтаи гузашта мансабдорони воломақоми Чин дар як нишасти панҷ узви доимии Шӯрои амният дар робита ба таҳримҳои нав алайҳи Эрон ширкат карданд ва аммо дар ин нишаст созише ҳосил нашуд. Аз ин пеш мақомоти Чин чандин бор таъкид кардаанд, ки қазияи барномаи ҳастаии Эрон бояд аз роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасл шавад.
XS
SM
MD
LG