Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Моликӣ барои курсии сарвазирӣ мубориза мебарад


Ҷонибдорони сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ мехоҳанд, ки номзадии ӯро дубора ба мақоми раиси кобинаи вазирон пешбарӣ кунанд. Ин дар ҳолест, ки эътилофи Ал-Моликӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи 7 март ҷойи дуввумро соҳиб шуд. Дар ин сабқат эътилофи сарвазири пешин Иёд Алловӣ бо бартарии андак пирӯзӣ ба даст овардааст.
Нурӣ ал-Моликӣ қаблан музокирот бо Алловиро рад карда эълом дошт, ки барои баршумурдани такрории раъйҳо дар бархе аз манотиқи кишвар пойфишорӣ хоҳад кард. Сарвазири пешини Ироқ Иёд Алловӣ аз ҳама нерӯҳои сиёсии кишвар хостори музокирот дар бораи ҳукумати нав шудааст. Натоиҷи расмии интихоботи парлумонии Ироқ рӯзи ҷумъа эълон шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG