Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои араб аз мавқеъи Исроил интиқод карданд


Сарони мамолики узви Лигаи кишварҳои араб дар як нишаст дар Либия ба натиҷае расиданд, ки музокироти сулҳ миёни Фаластин ва Исроил то замони лағви тасмими Тел-Авив барои бунёди 1600 манзили нав дар Байтулмуқаддаси шарқӣ ғайримумкин аст. Раҳбарони кишварҳои арабӣ аз раисиҷумҳури Амрико Барак Обама даъват карданд, ки ба мавқеъи худ дар робита ба қатъи бунёди маҳаллаҳои нави яҳудинишин содиқ бимонад. Лигаи кишварҳои араб ҳамчунин эълом дошт, ки барои кумак ба мардуми араби муқими Байтулмуқаддаси шарқӣ 500 миллион доллар сарф хоҳад кард. Фаластиниҳо мехоҳанд Байтулмуқаддаси шарқиро пойтахти давлати ояндаи худ эълон кунанд.
XS
SM
MD
LG