Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Амрико дар Афғонистон пирӯз хоҳад шуд


Шоми дирӯз Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар пойгоҳи низомии Багроми Афғонистон бо сарбозу афсарони амрикоӣ мулоқот кард. Зимни суханронӣ ӯ гуфт, ки нерӯҳои кишварро "рӯзҳои сахт, ҳатто шояд ақибнишиниҳо, дар пешанд, зеро душманон сарсахту қотеъанд". Аммо, афзуд, Обама, “мо медонем, ки агар Амрико кореро шуруъ кунад, онро ҳатман ба анчом мерасонад.”
Соли гузашта Барак Обама барои тақвияти мубориза бо ошубгарони ҷунбиши “Толибон” ба Афғонистон 30 ҳазор нерӯи иловагӣ эъзом карда буд. Дирӯз Обама дар ҷараёни сафари ғайримунтазирааш ба Афғонистон бо сарвари ин кишвар Ҳомид Карзай ҳам музокирот анҷом дод. Баъд аз ин дидору гуфтугӯ Обама дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз пешравиҳо дар Афғонистон харф зад ва аз Карзай даъват намуд, ки талошҳо дар самти беҳбуди зиндагии мардум, ҳукуматдории хуб, мубориза алайҳи фасод ва истиқрори ҳокимияти қонунро идома диҳад.
Хабаргузории Франс Пресс навиштааст, ки сафари Обама ба Афғонистон панҷ соат идома кард ва он зери тадбирҳои бесобиқаи амниятӣ сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG