Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини Саддом садо баланд кардааст


Иззат Иброҳим ал-Дурӣ, муовини аввали пешини Саддом Ҳусайн, аз кишварҳои арабӣ тақозо кардааст, бо гурӯҳҳои “муқовимати” Ироқ сӯҳбат кунанд, ки ба гуфтаи ӯ намояндаҳои аслии Ироқ ҳастанд. Дар навори садоии Иброҳим ал-Дурӣ, ки телевизиони Ал-Ҷазира нашр кард, вай аз ҳайъатҳои ҳозир дар иҷлоси Иттиҳодияи Араб дар Либия хост, “гурӯҳҳои муқовимати мусаллаҳ ва ғайримусаллаҳро эътироф намоянд, муносиботи дипломатӣ бо мақомоти ишғолгари Ироқро қатъ намуда ва тамоми ӯҳдадориҳои ҳосилшуда аз он муносиботро лағв кунанд.” Поёни иқтибос. Ал-Дурӣ ноиби раиси ҷумҳур, ва муовини раиси Шӯрои Фармондеҳи Инқилоби Ироқ буд ва Амрико барои сари ӯ 10 миллион доллар ҷоиза тайъин кардааст. Мегӯянд, ки ӯ дар Ироқ ва ё Сурия паноҳ мебарад.
XS
SM
MD
LG