Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои мулоқоти ҳайъатҳои Тоҷикистону Эрон


Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон эълом кард, ки зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба Эрон ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бино ба иттилоъи расмӣ ду тараф, аз вусъат ёфтани ҳамкориҳо дар арсаҳои энержӣ, зербунёдҳо ва ҳамлу нақли транзитӣ изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Мақомоти Тоҷикистону Эрон аз ҷумла аз ҷараёни бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 ибрози қаноатмандӣ кардаанд, ки бо сармояи Эрон дар Тоҷикистон бунёд мешавад. Ширкати Эрон дар бунёди ду нерӯгоҳҳои барқи обии Шӯроб ва Айнӣ ҳам баррасӣ шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷашни Наврӯз, ки дирӯз бо ҳузури раиси ҷумҳурони Эрону Ироқ, Туркманистону Афғонистон баргузор шуд, ба Эрон сафар кард.
XS
SM
MD
LG