Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар нишасти Либия


Раҳбарони кишварҳои арабӣ тайи ду рӯз дар Либия саъй карданд, то мавқеи ягонаро дар баробари барномаҳои шаҳраксозии Исроил дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ иттихоз намоянд.

Аввали ҳамин моҳ Исроил эълом кард, ки дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ барои яҳудиён 1600 манзили нав месозад, ки ин бахши шаҳрро фаластиниён пойтахти кишвари ояндаи худ медонанд. Эъломи мазкур ҳамчунин эҳёи музокироти миёни Исроилу Фаластиниён бо миёнҷигарии Амрикоро таҳти суол бурд.

Исроил шаҳри Байтулмуқададсро баъди ҷанги Ховари Миёна дар соли 1967 ишғол кард, ки ин ҳаракати Исроилро, ҷомеаи байналмилалӣ ғайриқонунӣ мехонад.

Зимни суханронӣ дар ҳошияи нишасти Либия музокиракунандаи аршади Исроил Соиб Аракот гуфт, ҳайъатҳои кишварҳо “тамоми гузинаҳои худ” дар баробари сиёсатҳои Исроил дар баробари фаластиниёнро бозбинӣ мекунанд. Вай афзуд, вазъ дар Ховари Миэна наметавонад чунин идома ёбад.

Гилаи Аббос ва ҷавоби Нетаняҳу

Маҳмуд Аббос, раисиҷумҳури фаластиниён, дар нишасти Иттиҳодияи Араб гуфт, то замоне, ки Исроил “сиёсати шаҳраксозӣ ва вазъи мавҷудро” ҳифз мекунад, музокироти ғайримустақим бо он ғайримумкин аст.

Вай ҳукумати Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроилро, ба он муттаҳам кард, ки бо офаридани вазъи муташанниҷ дар Байтулмуқаддас, роҳи ҳалли муноқиша дар ояндаро комилан аз байн мебарад.

Аммо Бенямин Нетаняҳу рӯзи якшанбе зимни ҷаласаи ҳукуматаш, фаластиниёнро ба он муттаҳам намуд, ки бо “сахттар кардани мавқеъгирӣ” ва нишон надодани аломате аз эътидол монеъи талошҳои сулҳ мешаванд.

Эҳтимоли шикасти ҷараёни сулҳ


Амр Мӯсо, дабири кулли Иттиҳодияи Араб рӯзи шанбе гуфт, кишварҳои узви иттиҳодия бояд худро барои эҳтимоли “шикасти комили ҷараёни сулҳ” омода карда ва дар андешаи роҳкорҳои нав бошанд.

Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, нахуствазири Туркия, ки дар нишасти Иттиҳодияи Араб ҳузур дошт, мавқеи Исроилро “девонагӣ” хонда ва ба он кишвар ҳушдор дод, ки худро дар инзиво хоҳад ёфт.

Меҳмони дигари нишаст, Бан Ги Мун, дабири кулли Созмони Милал, аз раҳбарони кишварҳои арабӣ хост, то аз талошҳои ба раҳбарии Амрико барои эҳёи музокироти сулҳ ҳимоят кунанд.

Даъвати Амр Мӯсо ба иттиҳод бо Эрону Туркия

Ҳамзамон бо ин Амр Мӯсо аз Иттиҳодияи Араб хост, сари мавзӯи нуфузи афзояндаи Эрон дар минтақа ва барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии ин кишвар бо Эрон вориди гуфтӯгу шаванд. Вай гуфт, медонад, ки баъзе аз кишварҳои арабӣ аз Эрон нигаронанд ва ба ҳамин хотир муколама бо Эрон зарур аст.

Амр Мӯсо ҳамчунин доир ба ташкили маҷмаи кишварҳои арабӣ бо ҳузури Эрону Туркия сухан гуфт, ки дар он ҳамкориҳои минтақавӣ ва роҳҳои ҳалли бӯҳронҳо баррасӣ шавад.

Ин пешниҳод дар ҳоле садо дод, ки Амрико ва Исроил ва дигар қудратҳои ғарбӣ талош доранд, то хотири барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон ба зидди ин кишвар таҳримоти тозаи байналмилалӣ эъмол шавад.

Дар ин нишасти Иттиҳодияи Араб, назар ба нишастҳои пешинаи он, раҳбарони бештари 22 кишвари узв ширкат кардаанд. Ҳамоишҳои пешинаи ин иттиҳодия бо ихтилофоти назари раҳбарони кишварҳои узв ҳамроҳ буд, ки баъзеяшон ҳукуматҳои ғарбгаро ва теъдоде ҳам режимҳои ифротгаро ҳастанд.
XS
SM
MD
LG