Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷорҳои пайдарпайи маргбор дар Ироқ


Мақомоти пулиси Ироқ мегӯянд, бар асари инфиҷори чанд бомб дар назди хонаи як сиёсатмадори шинохтаи суннимазҳаб дасти кам 5 нафар ҳалок ва чандин тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Бомби аввалӣ дар як маҳалли пуродами шаҳри Қайм, воқеъ дар марзи Сурия мунфаҷир шудааст, ва баъди ҷамъ шудани мардум дар маҳалли ҳодиса, бомбҳои дигар низ таркидаанд. Бино ба гузоришҳо, ин маҳал маҳалли зисти чанде аз сиёсатмадороне суннимазҳабе будааст, ки аз феҳрасти ҳизбии Эътилофи Ироқ ба порлумон ворид шудаанд. Эътилофи Ироқ назар ба ҳизби Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазири феълии Ироқ ду курсии бештарро ба даст овард. Рақобати пуршиддат дар интихобот хушунатро дар саросари Ироқ барангехт.

XS
SM
MD
LG