Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мувофиқати нахуствазири Таиланд барои гуфтӯгу


Абҳисит Веҷаҷива, нахуствазири Таиланд,ба музокироти рӯ ба рӯ бо тазоҳургароне мувофиқат кардааст, ки талаб доранд, “ба хотири эҳёи сулҳ ва рафъи иллатҳои хушунат”, интихоботи нав баргузор шавад. Дафтари нахуствазири Тайиланд, ин баёнияро чанд соат баъд аз он нашр кард, ки ба талаби тазоҳургарон тан нахоҳад дод. Тазоҳургарон аз 12 март ба ин сӯ дар шаҳри Бангкок ҷамъ омада ва талаб доранд, то замоне, ки Абҳисит Веҷаҷива – интихоботи нав даъват накунад, аз майдонҳо нахоҳанд рафт.
XS
SM
MD
LG