Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзи интихоботи Ироқ омодаи музокирот бо рақибон


Пирӯзи интихоботи порлумонии Ироқ мегӯяд, мехоҳад, барои ташкили ҳукумати эътилофӣ бо тамоми аҳзоби кишвар музокирот кунад. Иёд Аллавӣ - нахуствазири пешини Ироқ гуфт, ҳизби Эътилофи Ироқаш “барои музокирот бо ҳама” боз аст ва ин музокирот бояд фавран шурӯъ шавад. Бар асоси натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумониии рӯзи 7 март дар Ироқ, ҳизби Иёд Аллавӣ аз 325 курсии порлумон 91 курсиро аз они худ кардааст. Ҳизби Ҳукумати қонуни Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазири феълии Ироқ, 89 курсии порлумонро соҳиб шудааст.
XS
SM
MD
LG