Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баёнияи нодири иттиҳодияҳои тиҷоратии Тоҷикистон


Даҳҳо иттиҳодияи тиҷоратӣ ва касбии Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ, ҳукумати Ӯзбакистонро муттаҳам кардаанд, ки талош дорад, то монеъи рушди иқтисодии Тоҷикистон шавад. Иттиҳодияҳои мазкур гуфтаанд, дар Ӯзбакистон нигаҳ доштани тақрибан 1000 вагони молу колои Тоҷикистон, тайи ду моҳи ахир тоҷирони тоҷикро гирифтори мушкилоти ҷиддии зиёд кардааст. Дар баёния, ки хабаргузории расмии “Ховар” нашр кардааст, тоҷирони тоҷик гуфтаанд, ҳукумати Ӯзбакистон амдан намегузорад, то масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, доруворӣ ва ашёи хоме, ки корхонаҳо ба он мӯҳтоҷанд ба Тоҷикистон ворид шавад. Ҳукумати Ӯзбакистон, мегӯяд, ба иллатҳои техникӣ, вагонҳои Тоҷикистонро дар қаламраваш нигаҳ доштааст. Иттиҳодияҳои тиҷоратӣ гуфтаанд, ки дар сурати идомаи вазъ, иқтисоди Тоҷикистон зиёни азиме хоҳад дид ва аз созмонҳои байналмилалӣ ва дипломатҳои муқими Душанбе хостаанд, дар рафъи ин мушкил ба Тоҷикистон кӯмак кунанд.
XS
SM
MD
LG