Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Иттиҳодияи Араб дар Либия хотима ёфт


Нишасти сарони кишварҳои узвит Иттиҳодияи Араб имрӯз дар Либия хотима ёфт. Дар рӯзи нахустини ин нишаст,Амр Мӯсо – дабири кулли ин созмон аз 22 кишвари узви Иттиҳодияи Араб хост, сари мавзӯъи нуфузи афзояндаи Эрон дар минтақа ва барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии ин кишвар бо Эрон вориди гуфтӯгу шаванд. Амр Мӯсо ҳамчунин доир ба ташкили маҷмаъи кишварҳои арабӣ бо ҳузури Эрону Туркия сухан гуфт, ки дар он ҳамкориҳои минтақавӣ ва роҳҳои ҳалли бӯҳронҳо баррасӣ шавад. Амр Мӯсо- дабири кулли Иттиҳодияи Араб ҳушдор дод, ки шаҳраксозиҳои Исроил дар қаламравҳои ишғолӣ метавонад, музокироти сулҳ дар Ховари Миёнаро комилан аз байн барад.
XS
SM
MD
LG