Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби сафари наврӯзӣ ба Эрон бо раҳбари руҳонии ин кишвар Алӣ Хоманеӣ дидор ва гуфтугӯ анҷом дод. Дар ин мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ шудааст.

Ба навиштаи сомонаи интернетии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо дар ин мулоқот омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ҳамчун шарикони стратегӣ изҳор кардаанд.

Ҳамоиши байналмилалии Наврӯз

Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҳамоиши байналмилалии наврӯзӣ вориди Эрон шуд.

Вай шоми дирӯз дар маросими ҷашни Наврӯз дар шаҳри Теҳрон ширкат ва суханронӣ кард. Ҷаноби Раҳмон зимни суханронӣ Наврўзро «рамзи ҳуввияти миллӣ ва истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» номид ва ҷаҳонӣ эълон шудани ин идро ба аҳли ҳамоиш табрик гуфт.

Ҳамоиши байналмилалии наврӯзӣ имрӯз дар шаҳри бостонии Шерози Эрон баргузор мешавад. Дар ин ҳамоиш ҳамчунин роҳбарони кишварҳои Афғонистон, Туркманистон, Ироқ ва намояндагони олирутбаи Озарбойҷон, Туркия ва дигар кишварҳо ширкат мекунанд.

Соли севвум аст, ки раҳбарони се кишвари форсизабон –Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон Наврӯзро дар якҷоягӣ таҷлил мекунанд. Назустин ҳамоиши байналмилалии Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Сол гузашта шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон меҳмондори ҷашни Наврӯз буд.

Дидори Раҳмон бо Аҳмадинажод

Дар нахустин рӯзи сафари президент Раҳмон ба Эрон дар шаҳри Теҳрон мулоқоти президентҳои ду кишвар баргузор шуд. Дар ин мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари ҳамзабон матраҳ буданд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

Дар ин дидор масъалаҳои ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон бо ҷалби Афғонистон низ баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо, бино бар хабари расмӣ, хостори тарҳрезӣ ва омода намудани лоиҳаҳои сохтмони роҳи заминӣ дар масири Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон аз Эрон даъват намудааст, ки дар ҳамоиши байналмилалии «Об барои ҳаёт – солҳои 2005-2015», ки моҳи июн дар Душанбе баргузор мегардад, иштироки фаъол дошта бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG