Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости Бан Ки Мун аз мулоқоти Ҷомеаи Араб


Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ аз ширкаткунандагони мулоқоти кишварҳои Ҷомеаи Араб хост, ки аз талошҳои Амрико барои баргузории музокироти ғайримстақими сулҳи Исроилу Фаластин ҷонибдорӣ кунанд. Вай ба ширкаткунандагони мулоқоти дурӯзаи раҳбарони кишварҳои узви Ҷомеаи Араб дар шаҳри Сиртеи Либия гуфт, ба ҷуз аз музокироти сулҳи миёни у кишвар роҳи дигари ҳали муноқиша вуҷуд надорад. Аммо Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин дар ҳамин мулоқот изҳор дошт, ки музокироти ғайримустақими сулҳ бо Исроил имкон надорад, агар Исроил аз сохтмони маҳаллоти яҳудинишин дар шарқи Байтулмуқаддас даст накашад.
XS
SM
MD
LG