Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷрои оби рӯдхонаи Сурхоб 7 соат баста шуд


Субҳи рӯзи шанбе дар ноҳияи Нуробод дар канори деҳи Дия Ғилмон теппаи бузурге ба рӯдхонаи Сурхоб лағзид ва маҷрои обро 7 соат баст. Маҷрои об аз соати 5 субҳ то соати 12-и нисфирӯзӣ қатъ шуд ва обанборе ба вуҷуд омад, ки тибқи ҳисоби кормандони умури изтирории минтақа дар он ҳудуди 25 ҳазор метри мукааб об ҷамъ шуд. Ин миқдор об метавонист бо пора шудани сарбанди маснуӣ хатароте дар пай дошта бошад. Вале ғайричашмдошт баъд аз пур шудани об сарбанди маснӯӣ тадриҷан рахна шуд ва об ба оҳистагӣ ҷорӣ шуд. Кормандони умури изтирории минтақа мегӯянд, ин пешомад зараре дар пай надоштааст.
XS
SM
MD
LG