Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар посух ба иддаои сафири Ӯзбакистон дар Душанбе оид ба он ки мушкилоти ду кишвар дар сархати баҳсҳои расонаҳо қарор гирифтааст, гуфт, ҷониби Тоҷикистон чандин бор аз ин қазияҳо расонаҳоро огоҳ накард ва расман ба ҷониби Ӯзбакистон муроҷиат кард, аммо мушкил ҳал нашуд. Оқои Азимов гуфт, расонаҳо озоданд ва табиист, ки тоҷире, ки молаш наомад, дар ин бора садо баланд мекунад.

Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон дар ин бора дар як мизи гирд бо ширкати Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ, сафирони кишварҳои узви ин созмон ва коршиносон дар мавзӯъи «Сохтори амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ - дурнамо то соли 2015" изҳори назар кард.

Амирқул Азимов изҳори таассуф кард, ки «мо ба ҷои он ки масъалаҳои ахиран миёни кишварҳоямон пайдошударо нишаста, баррасӣ кунем, ҳамдигарро тавассути расонаҳо огоҳ мекунем.”. Ҷаноби Азимов гуфт, чунин бархӯрд ба муносибатҳои ояндаи кишварҳои минтақа таъсири манфӣ мерасонад.

Ин баҳс аз он сар зад, ки дар нишасти мазкур Шоҳқосим Шоисломов, сафири Ӯзбакистон дар Душанбе, сабаби аслии банд мондани
вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави кишварашро афзоиши интиқоли молу коло ба Афғонистон аз кишварҳои аврупоӣ аз тариқи роҳҳои оҳани Ӯзбакистон номид. Вай афзуд, ин ягона масири роҳи оҳан барои интиқоли амволи кӯмакии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон аст, ки дар бандарҳои Латвия аз киштиҳои амрикоиву аврупоӣ фароварда ва тариқи Русияву Қазоқистону Ӯзбакистон ба Афғонистон оварда мешаванд.

«Инро метавонед тасаввур кунед. Дар вилоятҳои ҷанубии Ӯзбакистон - Бухоро, Қашқадарё ва Сурхондарё, бахусус дар семоҳаи аввали соли равон теъдоди бузурги вагонҳо ҷамъ шудаанд, ки ба Афғонистону Тоҷикистон ва ҳатто ҷануби Ӯзбакистон бояд интиқол ёбанд. Ин амволи ҳам кишварҳои Аврупо, ҳам Русияву Қазоқистон ва дигар кишварҳоест, ки бо Афғонистон тиҷорат доранд. Мо ба ҷануби худ ҳам бояд мол интиқол диҳем. Дар мо ҳам кишти зироат шурӯъ шудааст. Ҳамааш ҷамъ шудааст. Дар миёни онҳо беш аз 1000 вагони Тоҷикистон ҳам. Таъкид мекунам, дар миёни онҳо. Дар вагонҳо нанавиштаанд, ки ин тоҷикӣ аст, ё амрикоӣ»

Сафири Ӯзбакистон дар Душанбе гуфт, мақомоти зидахли кишвараш рӯзи 25-уми март ба раисҷумҳур ва вазорати хориҷаи Тоҷикистон
Сафири Узбакистон: Дар вагонҳо нанавиштаанд, ки ин тоҷикӣ аст, ё амрикоӣ»
номае ирсол дошта, гуфтаанд, ки банд мондани вагонҳо ангезаи сиёсӣ надорад ва кадом як «муҳосираи иқтисодӣ» набуда, балки сабабҳои лоҷистикӣ ва фаннӣ доранд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон далоили ҷониби Ӯзбакистонро нокофӣ арзёбӣ мекунанд. Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, гуфт, боздошти бедалели вагонҳо аз соли гузашта ба ин сӯ идома дорад ва дар муроҷиатҳои пайдарпайи мақомоти Тоҷикистон кишвари ҳамсоя посух надодаанд. Вай афзуд, аз ин хотир, вақте вагонҳои соҳибкоронро дар кишвари Узбакистон бедалел боздоштанд, онҳо ба расонаҳо муроҷиат карда, ин мавзӯъро расонаӣ карданд.

«Он чӣ марбут ба боздоштҳои ахир аст, ҷониби мо маълумоти зарурӣ дорад дар бораи он ки вагонҳо дар куҷо ва ба чӣ наҳва боздошт шудаанд. Ба мо ҳар нуқтае, ки амволи мо боздошт шудаанд, маълум аст. Аммо вақте мегӯед, ки гӯё амрикоӣ, қазоқӣ, тоҷикӣ ё ғайра будани вагонро нафаҳмидаанд, охир, мо ҳама хуб медонем, ки вақте қаторҳо равонанд, ҳуҷҷат доранду, дар онҳо навишта шудааст, чӣ бор доранд ва аз куҷо ба ба кадом самт мераванд. Бале, дар равобити мо норасоиҳо вуҷуд доранд. Аммо онҳоро набояд сиёсӣ кард, ки равобитро нохуб хоҳанд кард»

Мушкили боздошти вагонҳои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон аз тобистони соли гузашта ба ин сӯ идома дорад. Дар оғоз
Раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон: ...вақте қаторҳо равонанд, ҳуҷҷат доранду, дар онҳо навишта шудааст, чӣ бор доранд ва аз куҷо ба ба кадом самт мераванд.
вагонҳои боздоштшуда то ба 200 адад арзёбӣ мешуд. Баъдан, дар моҳи декабр расонаҳо дар бораи боздошти беш аз 500 вагон иттилоъ доданд. Ва ҳоло тибқи иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ин рақам ба 984 мерасад.

Шоҳқосим Шоисломов, сафири Ӯзбакистон дар Душанбе, гуфт, ҳукумати Ӯзбакистон идораи «Ӯзбекистон темир йуллари», яъне роҳҳои оҳани Ӯзбакистонро муваззаф кардааст, ки реҷаи интиқоли оҷили вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави ин кишварро тартиб диҳанд ва ба Тоҷикистон расидани 150 вагон натиҷаи ин кӯшишҳо аст.

Амирқул Азимов гуфт, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, аз ҷониби Узбакистон хоҳиш кард, ки камбудиҳои мавҷуда "дӯстона, бародарона, аз рӯи ҳамсоягӣ" бартараф шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG